Бахшҳо
20 авг 2014 11:17Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Мушкили Кумитаи андоз бо “Созидание” ва “Babilon” аз нигоҳи Умаров

Ҳоҷимуҳаммад УМАРОВ,
профессор


АВВАЛИ МАҚОЛА ДАР ИНҶОСТ

Ситонидани андоз барои ихроҷи капитал, ки ба резидентҳо тааллуқ доранд ва нисбати пули резидентҳо, ки дар минтақаҳои офшорӣ қарор доранд;

Чунин муносибат барои кишваре, ки ба инвеститсяи хориҷӣ сахт эҳтиёҷ дорад, комилан мантиқӣ аст, аммо амали ғайрирасмӣ роҷеъ ба баровардани сармоя бояд тавассути андози баланд ҷазо дода шавад. Нуқсонҳои ҷиддие, ки дар Кодекси андоз ҷой доранд, ҳамчун васоити бад гардидани муҳити инвеститсионӣ хизмат мекунанд. Бояд қайд намуд, ки усулҳои фаъолияти низоми андозбандӣ ба сифати омили мустақили ташаккули фазои инвеститсионӣ амал менамояд. Хеле хуб аён аст, ки ҳалли мушкилиҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистонро бе ҷалби мустақими сармояи хориҷӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст, бинобар ин мақомоти андоз бояд ҳама анвои шароитҳоро муҳайё мекард, то ин ки ҷозибадории Тоҷикистонро барои сармоягузорони хориҷӣ беҳбуд менамуд. Ба назари мо муҳимияти масъалаи мазкурро дар мақомот то ҳанӯз дарк накардаанд. Инҷо ба назар мерасад, ки ба худ ҳисобот намедиҳанд, ки баландии сатҳи андозбандӣ, хусусияти мусодиравии системаи андозӣ, мавҷудияти фасод дар фаъолияти баъзе кормандони андоз, роҳ додани камбудиҳои ҷиддӣ дар Кодекси нави андоз ба сифати фишангҳои бадтар шудани фазои инвеститсионӣ намоён мегарданд. Ба ғайр аз ин, баъзе амалҳои нофаҳмои мақомоти андоз дар муносибат бо ширкатҳое, ки бо тиҷорати хориҷӣ алоқаманданд, ҳолати нишондодашударо дучанд вазнин мекунад.

Сухан аз ҷумла дар бораи ба истилоҳ санҷишҳои такрории андозӣ дар муносибат бо чунин ширкатҳо меравад. Дар ин бобат асосан як модел- истифода бурда мешавад- қобили қабул набудани амалияи фурӯши моликияти ширкат дар бозори сатҳи дуюми хориҷии коғазҳои қиматбаҳо.

ШИРКАТИ САНОАТИ КӮҲИИ ТОҶИКИСТОН-ХИТОЙ


Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистон-Хитой дар барқарорсозии воқеии истихроҷи маъдани саноатии кишвар пешрав шуд. Аз тарафи ин ширкат ба нақша гирифта шудааст, ки истеҳсоли маъдани дорои қӯрғошиму рӯҳро ба 3 млн тонна расонад. Ширкати мазкур дар ояндаи наздик аз истеҳсоли консентрати маъдан ба истеҳсол ва содироти фулузи тоза, яъне маҳсулоти тайёр мегузарад. Санги монеа барои мақомоти андоз хариду фурӯш дар Чин оид ба фурӯши қисме аз саҳмияҳои ширкат ба маблағи 13,8 млн доллар шуд. Муомилаи мазкур аз рӯи меъёри 15% ба маблағи 2.1 млн доллар, бо ҷаримаҳо 2.8 миллион доллар андозбандӣ карда шуд. (чунин фарқият байни андози асосӣ ва ҷаримаҳо тааҷубовар менамояд!).

«СОЗИДАНИЕ»

Ширкати тиҷоратии «Созидание», ки меҳмонхонаи муосири панҷситора ва маркази тиҷоратиро ба истифода дода, дар он ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ мустақар шудаанд, низ чунин ҳолатро аз сар мегузаронад. Дар ин ҷо низ механизми тафтишоти такрорӣ ба роҳ монда шуда буд. Манбаи тафтишот фурӯши ширкат ва иваз шудани соҳибмулк гардид. Дар натиҷа ширкат ба миқдори 322 млн. сомонӣ ё худ 65 млн. доллари ИМА андозбандӣ карда шуд. Ширкати мазкур ба суд муроҷиат намуд, аммо қарори суд ба манфиати ӯ нашуд.

«БАБИЛОН-МОБАЙЛ»

Инчунин тафтишоти такрорӣ нисбати ширкати мобилии «Вавилон-Мобайл» на камтар аз фоҷиа ба назар мерасад. Ширкати мазкур бо тартиботи бенуқсони андоз, мавҷуд набудани қонувайронкунӣ ва мунтазам пардохт намудани андози хеле калон ба буҷаи давлат фарқ мекард. Аз матлабҳои васоити ахбори омма бармеояд, ки айни замон зарурат ва заминаи гузаронидани санҷиши ғайринақшавии такрории маҷмӯи андоз барои давраи солҳои 2011, 2012, 2013 дар ширкат комилан вуҷуд надошт. Зеро дар ин давра се санҷиши ҳуҷҷатии маҷмӯии андоз ва як санҷиши камералӣ барои давраи фаъолият дар соли 2011 аз ҷониби масъулини мақомоти андоз ва ҳатто бо ҷалби корманди мақомоти назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузаронида шуда, масъалаҳои дурустии андозбандӣ, асоснокии татбиқи қонунгузории ҷорӣ оид ба ин масъала аз ҷониби суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Роҷеъ ба ин масъалаҳо дар ин давра байни тарафҳо ҳеч баҳсе вуҷуд надошт. Бояд қайд кард, ки «Вавилон-Мобайл» дар назди худ ҳадаф гузоштааст, ки нахустин корпоратцияи трансмиллӣ бо филиалҳои худ дар кишварҳои дигар гардад. Ширкати мазкур дорои нуфузи бузург дар кишварҳои муштаракулманофеъ ва берун аз он мебошад.

Бояд зикр намуд, ки чунин кӯшишҳо аз тарафи Кумитаи андоз коршиносонро ба фикру хаёли ҷиддӣ мебарад. Ҳатто Кодекси андоз бо камбудиҳои зиёди худ, хатоиҳо ва мухолифоти зиёд чунин асос барои гузаронидани тафтишоти иловагӣ ва нишон додани қарзҳо дар ҳолатҳои овардашударо намедиҳад.

Амали Кумитаи андоз ба обрӯи байналхалқии Тоҷикистон зарари ҷиддӣ мерасонад!

Таассуроте ба миён меояд, ки Кумитаи андоз таҷрибаи маҳкумшудаи рӯзмарраеро истифода мебарад, ки барои ба даст овардани даромади иловагӣ баъзе мақомоти хориҷӣ аз он истифода бурдаанд. Дар бисёр ҳолатҳо чунин кӯшишҳо самараи хуб надодаанд. Дар ин нақша, аз ҳама навтарин кӯшиши мақомоти андози Ҳиндустонро мисол овардан мумкин аст, ки ба дӯши ширкати мобилии «Водафоун», ки ширкати пешсаф дар ин кишвар аст, барои фурӯши саҳмияҳои худ дар фонди биржавии Сингапур қарзи зиёдеро бор карданӣ шуд. Суди байналмилалӣ баҳси мазкурро ба фоидаи «Водафоун» ҳал намуд. «Водафоун» инчунин пуштибонии ҷиддиеро аз тарафи ОЕСД соҳиб шуд. (муфасалтар ба «The Economic Times» 10/04/2012 нигаред).

Фаъолшавии дар боло овардашудаи мақомоти мо пурра мухолифи принсипҳои 1 ва 2-и А. Смит мебошад. Принсипҳои мазкур аз тарафи тамоми мақомоти андози кишварҳои дигар, ки барои бенуқсонии шӯҳрати худ кӯшиш мекунанд, риоя карда мешавад. Мутаассифона ҳангоми таҳияи кодекси амалкунанда таваҷҷӯҳи бештар ба идеяи Алан Гринспен (собиқ Раиси СФЗ ИМА) дода шудааст, ки сиёсати кушоди пуштибонии манфиатҳои табақаи бойи аҳолиро пеш мебурд. Инро далели комилан сарфи назар кардани принсипи прогрессивии андозбандӣ тасдиқ мекунад.

Наход Кумитаи андоз ба худ ҳисобот надиҳад, ки ин амали онҳо ба обрӯи байналхалқии Тоҷикистон зиёни ҷиддӣ мерасонад ва сармоягузорони хориҷиро, ки нияти гузоштани сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон доранд, метарсонад. Агар Кумитаи андоз масъулияти худро хеле амиқ дар иҷро намудани нақшае эҳсос намояд, ки бояд хусусияти индикативӣ дошта бошад, вай бояд чораҳоеро пиёда гардонад, ки ба нест намудани монеаҳо ва истифодаи имкониятҳои пурсамар мусоидат намояд. Бояд ҳам дар Кодекси андоз ва ҳам дар муносибати мақомоти андоз ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шавад.

Зарурияти амалинамоии чунин ислоҳат дар фаъолияти мақомоти андоз пеш аз ҳама ифодаи ҳимояи манфиати амнияти миллиро дорад. Кодекси андози амалкунанда бо кӯмаки машваратчиёни хориҷӣ таҳия карда шудааст. Онҳо дастури президентро дар бораи аз нав таҳия намудани Кодекси андоз медонистанд. Аммо ҳуҷҷате таҳия шуд, ки пурра дархости президентро сарфи назар кард. Аз ин ҷо ҳангоми ташхиси Кодекси андози нав зарурияте пеш меояд, ки дар шакли эҳтимолӣ амалишавии супориши хадамоти махсуси хориҷӣ барои таркиши иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла чораҳо оид ба амалинамоии диверсияи иқтисодии ҳаҷман бузург аз тарафи баъзе кишварҳои ҳамсояро ба инобат гирифт.

Инчунин зарур аст, ки ба тамоюли васеъшавии зулми андоз, ки аз он одамони оддӣ ва инчунин соҳибкорони хурду миёна ранҷ мекашанд, хотима дода шуда, иҷрои пурраи ӯҳдадориҳои андозсупорандагони бузург таъмин карда шавад.

Бахусус зарур аст, ки таваҷҷӯҳи асосӣ ба ҷанбаи иҷтимоии Кодекс дода шавад. Зарур аст, ки ба он хусусияти ҳимояи камбизоатон дода шавад. Он чӣ ки ҳангоми расман эълон намудани камтарин маблағ барои рӯзгузаронӣ 468, 5 нишон дода шудааст, қатъиян қобили қабул нест. Даромади шахсони воқеӣ аз 140 сомонӣ 13 фоиз андозбандӣ карда мешавад. (Воқеан дар шароити Тоҷикистон камтарин маблағ барои рӯзгузаронӣ 990 сомониро ташкил медиҳад). Ба ин боз як қатор андозҳои дигарро илова кардан мукин аст, ки сатҳи зисти табақаи камбизоатро боз ҳам бадтар мекунад (Моддаҳои 102-103 КА). Бояд ки ҳадди ақали андозбандии шахсони воқеӣ ба камтарин маблағ барои рӯзгузаронӣ мусоидат намояд. Ба ғайр аз ин муқаррар намудани меъёри ягонаи андози даромад барои шахсони воқеӣ бо сатҳи гуногуни даромадҳо комилан ғайриодилона ба назар мерасад. Зарур аст, ки дар Кодекси андоз ҳамеша шарти андозбандии прогрессивӣ риоя карда шавад.

Ҷанбаи макроиқтисодии андозбандӣ ниҳоят муҳим ба ҳисоб меравад. Тибқи омор, болоравии даромадҳои андозӣ дар кишвар одатан устуворона аз сатҳи болоравии ММД пеш мегузарад, аммо аз рушди босуръат хеле зиёд фарқ мекунанд,баъзан ин пеш гузарӣ як баробар аз суръати рушди ММД пеш ба назар мерасад.

Дар соли 2014 ҳаҷми даромади буҷаи давлатӣ ба маблағи 6.45 млн сомонӣ дар соли 2013 – 5.53 млн. сомонӣ нишон дода шуда буд. Дар давоми як сол ҳаҷми он бояд 16.6% зиёд шавад. Суръати болоравии ММД мувофиқан 7,4%-ро ташкил медиҳад. Дар соли 2006, суръати болоравии даромади буҷет 28,1%-ро ташкил мекард, дар соли 2007 ду баробар зиёд шуд, дар соли 2008 -38,9 %, дар соли 2009 – 13,8%, дар соли 2010 – 18,0%, дар соли 2011 – 27,2%.

Ҳатто бо назардошти индекси дефляцияи ММД ва суръати болоравии ММД чунин вазъ ба назар мерасад: соли 2006 – 21,1%, соли 2007 – 27,2%, соли 2008 -28,2%, соли 2009 – 12,1%, соли 2010 – 12,4%, соли 2011 – 18,8%. Муқоисаи онҳо нишон медиҳад, ки меъёри андозбандӣ сол ба сол боло меравад. Чунин болоравӣ сари вақт аз тарафи мақомоти андоз шарҳ дода намешавад. Як чиз фаҳмо аст, ки фарқияти ишорашуда ба болоравии воқеии ММД мутобиқат намекунад. Чандин маротиба аз тарафи мо қайд шуда буд, ки суръати расмии болоравии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд нишон дода шудааст. Дар ин самт ҳам сохтори ҷамъоварии андоз ва ҳам сохтори хароҷоти буҷаи давлатӣ дур аз он аст, ҳамчун омилҳои рушди босуръати ММД гардад.

Андоз ба табақаи камбағали аҳолӣ, метавонад ба омили суст шудани рушди босуръати ММД гардад. Дар шароити Тоҷикистон онҳо дар якҷоягӣ бо тарифҳо ба хизматрасониҳои давлатӣ ва нархҳои маҳсулоти ниёзи аввал, метавонанд ба омили афзоиши босуръати муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои дигар табдил ёбад. Муҳоҷирати берунаи меҳнатӣ, имрӯз натиҷаи маоши ночиз ва гаронии сангини зисту зиндагии мардум мебошад.

КОДЕКСИ НАВИ АНДОЗ БОЯД ПУРРА АЗ НАВ ТАҲИЯ КАРДА ШАВАД!

Зарур аст, ки аз ҳамин рӯз ба баррасии идеяҳои асосии сифатан нави Кодекси нави андоз, ки бояд ифодакунандаи манфиатҳои миллӣ бошад, оғоз кунем. На ин ки манфиатҳои душманони кишвар ва гурӯҳи иҷтимоии алоҳида, ки манфиати меҳнаткашонро поймол мекунанд, дар авлавият қарор гиранд. Барои таҳияи ҳуҷҷати мазкур бояд олимон ва коршиносони солимфикри баландихтисос аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷ даъват карда шаванд. Кодекси нав бояд дар базаи дастовардҳои охирини илми иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва бо назардошти масоили ташвишоварии иҷтимоии ҷумҳурӣ таҳия карда шавад.
Мӯҳр
Точир
офарин устод Умаров! Хайрият, ки дар ин сомонахо акалан як маводи хуби тахлилй оид ба ислох ва пешрафти кори Хукумат нашр мешудааст. Бехтарин! Акнун масъулинро зарур аст, ки фикру андеша ва пешниходхои устоди азизро дида бароянд ва хулосаи даркорй бароранд. ана инро бахсхои созанда мегуянд!!!!

Мухтарам Устод, ман оид ба хулосабарории Шумо оид ба корпоратцияи трансмиллӣ гаштани «Вавилон-Мобайл» рози нестам, чунки ин ширкат тамоми намояндагихои худро дар хоричи кишвар дар соли 2012 аз байн бурд.
Аз чумла аз ҷониби суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ танхо як масъала "пардохтхои хатми дар намуди пардохтхои ичозатномавй" қарор гирифта буд. Дигар бахсхои ин ширкат бе мувафакият ба анчом расидаанд.
Узри калон Устод. Хакикат талх аст!

Ташаккур! Хеле маводи чолиб. Яке аз нуксонхои чиддии кори Президент ва Хукумат зимни ислохоти низоми молияи давлати дар он аст, ки хамохангии чорабинихоро дар ин самт ба зимаи макомоти манфиатдор - вазорати молия ва кумитаи андоз вогузор карданд. Тачрибаи ислохот дар хорича нишон медихад, ки азбаски чунин сохторхо табиатан максадхои фискали доранд, дар накши аввал гузошта намешаванд. Дар Точикистони офтоби хамин конунияти идоракуни сарфи назар шуд ва дар натича холо мо бо фатвои Кодекси нави андоз мургеро, ки тухми тиллои медихад, курбони карда истодаем..

Салом ба халки Точик!

Дар Давлате, ки бенихояд шароити кори ва умуман кори хуб кам аст ба кадом ру инкадар андозхои зиёд мебанданд точиронро??? Ин як страгедияи Нодуруст мебошад ки тамоми точиронро тарсон ва дилхунук мекунад. Умуман дар Точикистон ба кадри точирон намерасанд. Кариб 15-20 намуд андоз дар кодекси андоз вучуд дорад, дар Точикистон ягон завод ё фабрикаи Давлати хаст ки ба халк хизмат кунад халк кор куна?? Нест хамара бо нархи капуст фурухтан тору мор кардан давлата, агар мухочирони мехнати набошанд боввар кунед холи халки точик расво мешавад бо чунин шарту шароити зиндагии Точики.

Салом ба халки бе кор ва ба шогирди устод илтимос аз дили худат хар хел далел наёред аз кисаат як танга намеруяд то хол намедони ки дар Точикистон чанд намуди андозбандист ягона андоз ва даромаде ки дар бучаи давлат меояд ин аз хисоби ширкатхои мобили меояд хоб дидед ки бедоред китоб хондан даркор аклак ё вазифаат далолист агар мард боши номус дошта боши дигар сар аз курпа берун мабурор ки ин круги шерони нар аст на аз рубох саломат бошед

устоди иктисод
Ин устод Умарови хам точиру хам иктисоддону хам сиёсатмадор барвакт боз калаи мардумро гаранг кардги. Эй хукумат, илтимос ба хамин мардак як вазифачаи ругвниро дихед, ки камтар гап занад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)