Ташкили осорхонаи Оқохони 4: Аз ҳунар то тамаддуни исломӣ

Осорхонаи Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, пешвои исмоилиёни ҷаҳон рӯзи 18 сентябри соли ҷорӣ дар Торонтои Канада ифтитоҳ хоҳад шуд.
Ҳенрӣ Ким, раҳбари ин муассисаи фарҳангӣ, гуфтааст, осорхона ҷое барои ҷамъу нигоҳдории маҳсули кори ҳунармандон ва тамаддуни исломӣ хоҳад буд. “Мо умедворем, ин осорхона ба дарки беҳтари пайравони Ислом дар мавриди тамоми гуногунии динӣ, қавмӣ, забонӣ ва иҷтимоии онҳо саҳмгузор мешавад”,-афзудааст ӯ.
Осорхона аз тарафи меъмор Фумиҳико Маки тарҳрезӣ шуда, 6.8 гектар заминро бо Маркази Исмоилияи Торонто тақсим мекунад. Ташкили осорхонаи Оқохони чор дар Торонто дар ҳолест, ки ӯ ҳангоми баромадаш дар парлумони Канада гуфта буд, “яке аз сабақҳое, ки мо дар солҳои охир омӯхтем, ин аст, ки ҷаҳони Ислом ва ҷаҳони Ғарб ниёз ба ҳамкории бештар барои якдигарфаҳмӣ доранд. Бахусус, вақте ин фарҳангҳо ба ҳам дар иртибот мешаванд, бештар ба таври фаъол ба ҳам омезиш меёбанд”.
Оқохони IV имоми 49-умини исмоилиён, ки шаҷараашон аз нахустин имом, Ҳазрати Алӣ оғоз мешавад, рӯзи 11-уми июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ баъди бобояш Султон Муҳаммадшоҳ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст. Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ 13 декабри соли 1936 дар Женеваи Швейтсария таваллуд шуда, дорои дипломи таърихи Ислом аз Донишгоҳи Ҳарвард мебошад. Ӯ бунёдгузор ва сарвари «Шабакаи Рушди Оқохон» (AKDN) аст, ки аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар соҳоти гуногуни Тоҷикистон фаъолият дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |