Шикояти Зоиров аз болои Абдуфаттоҳи Ғоиб ба Раҳмон

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, ки аз ҳуқуқи Шӯҳрат Қудратов ҳимоят мекунад, бо номаи дувум ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардааст.
Оқои Зоиров дар ин номааш, ки 19 август навишта шуда, нусхааш ба Додситонии кул ирсол гардидааст, аз зиёдаравии Абдуфаттоҳи Ғоиб – раҳбари Оҷонси мубориза бо коррупсия шикоят карда, аз раиси ҷумҳур хостааст, раванди тафтишот ва баррасии парвандаи нафари таҳти ҳимояти ӯро зери назорати қатъии худ бигирад. “Риояи бечунучарои Конститтусия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро ҳамчун ҳомии онҳо таъмин намоед. Ба саволҳои гузошташуда мехостам посухи равшан; ба гуфтор, рафтор ва амали раиси Оҷонсӣ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад”,-тақозо шудааст дар номаи раиси ҲСДТ аз президент Раҳмон.
Аммо Раҳматилло Зоиров дар оғози номаи наваш аз он изҳори ташвиш кардааст, ки бо вуҷуди гузаштани бештар аз ду ҳафта аз мактуби якуми ӯ ба раиси ҷумҳур то ҳол ҷавобе нагирифтааст. “То ҳоло ягон посух ва сигнале дар бораи дастрас шудан ё нашудани муроҷиати мазкур нест”,-навиштааст ӯ. Муроҷиати аввали оқои Зоиров 3 августи соли ҷорӣ ба номи Эмомалӣ Раҳмон ва Шерхон Салимзода ирсол гардида буд.
Зоиров навишта буд, Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молии кишвар дар робита ба қазияи муовини боздоштшудааш, вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов, ба қонуншиканиҳо роҳ дода, зиёдаравӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, раиси Оҷонсӣ дар нишасти хабарии 30 июли ниҳоди зертобеаш ҳангоми суҳбат дар бораи зерҳимояи ӯ ба қонуншиканӣ роҳ дода, меъёрҳои конситутсионӣ, аз ҷумла талаботи моддаи 15-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар мавриди эҳтимолияти бегуноҳиро зери соул бурдааст.
"Ин хабар ва таъкиди раиси Оҷонсӣ моддаҳои 5, қисми 5; моддаи 6; 9 қисми 2; моддаи 10 қисми 2; моддаи 14, 17 қисми 1; моддаи 20, 42 ва хусусан моддаи 64-и Конститутсияи кишварро, моддаҳои 9-12, 16, 21-22 хусусан моддаи 15-ро (эҳтимолияти бегуноҳӣ) вайрон месозад. Аз ҷумла, моддаи 9 Конститутсия эълом дорад, ки “Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонқунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад”. Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон ба ҳокимияти иҷроия ворид мегардад, на ба судӣ. Тибқи қисми 1 моддаи 20 Конститутсия “Ҳеч кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад”. Аз ин бар меояд, ки Абдуфаттоҳи Ғоиб худро аз қонун ва суд болотар мегузорад, яъне ҳокимият ва ё тасарруфи онро ба миён овард. Тибқи қисми 5 моддаи 6 Конститутсия “Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст”, ки ҷавобгарии ҳуқуқиро тақозо менамояд",-гуфта шудааст дар номаи Зоиров.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |