Бахшҳо

Таассуфи писари домулло Муҳаммадӣ аз фиреби тоҷирон

Абдулалии Муҳаммадӣ – руҳонии тоҷик ва писари домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ аз афзоиши тақаллубу фиребкорӣ дар бозорҳои Тоҷикистон шадидан ибрози нигаронӣ кардааст.

Ӯ мегӯяд, ҳоло дар бозорҳои кишвар фиребу тақаллубкорӣ ба ҳадде расида, ки бархе аз тоҷирон бо қасамҳои бардурӯғ молҳои бесифаташонро ба муштариён мефурӯшанд. “Дар бозорҳои кишвар ғадру хиёнат ба ҳадде расидааст, ки бархе аз тоҷирон бо қасами бардурӯғ аз роҳи фиребу тақаллуб моли бесифатро мегузаронанд, ҳангоми вазн кашидан кам ё зиёд нишон медиҳанд, орди бесифатро дар халтаҳои орди Қазоқистон, шириниҳои истеҳсоли дохилиро дар коғазҳои эронӣ ва карамелҳои русӣ печонида, обро дар шир омехта карда ва ҳатто алафҳои бегонаро бо сабзавот омехта карда мефӯрӯшанд”,-гуфтааст ӯ.

Ин руҳонии тоҷик дар идома ибрози таассуф кардааст, ки ин амали тоҷирон ба як чизи маъмулӣ табдил ёфтаасту касеро нигарон намекунад. Абдулалии Муҳаммадӣ дар шарҳи гуфтаҳояш бо овардани иқтибос аз аҳодиси паёмбар (с) афзудааст, ин амали бархе аз тоҷирони тоҷик аз нигоҳи шариати Ислом ҳаром ва мамнуъ мебошад: “Дар ин бора ҳадисҳои зиёд аст ва дар яке аз онҳо паёмбар гуфтаанд, ҳар касе ҳаққи мусулмонеро бо дасташ бигирад, Худованд ӯро гирифтори азоби дӯзах намуда, биҳиштро барояш ҳаром месозад. Агар монанди сихе аз хор ҳам бошад."
Мӯҳр
Ин гуфтахои мулло ибрози андешаро мемонаду бас. Ягон мисоли конкрети нисбати ягон точир надорад. Шояд ба чунин кор худи наздикони у даст доранд, чи? Агар ходисахои мулло гуфтаги бисер мебуданд, дар байни мардум сару садо ва овоза пайдо мешуд.

озодандеш
сохибкор,
БАРОДАРИ АЗИЗ кадом як доираи махсусе хаст ки аз ин бечора лидер сохтанианд Рахматии падари бузургворашро натавонистанд ба худ кашан Худованд нигахбон бошад

ҳой акаи Соҳибкор!!!! бубахшед магар чашмони Шумо намебинанд,ки ҳама гуфтаҳои ин Домулло 100% дуруст ҳастанд офтобро бо лаби доман пушонида намешавад ку охир!!!!!!.медонам,ки шояд шумобарин соҳибкорони кару кур ва манфиатҷу бо ҳар роҳе,ки бошад кам нестан, лекин бисёр нагуфта охири суханамро бо ин шеъри пурмазмун хотима мебахшам:
Бар халқи бе басират то чанд ъарзи ҷавҳар,
бояд зи шаҳри курон чун нури дида рафтан.

саид
сохибкори номухтарам ту аз хамон харом фурушону харомхурони ба гапи муло меранчи!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)