Ҳақиқати воқеаҳои февралии 1990 дар сӯҳбати Бӯрӣ Каримов

Бӯрӣ Каримов, роҳбари котиботи Шӯрои байнидавлатии роҳсозони кишварҳои узви ИДМ (СНГ) ва ҷавонтарин вазири тоҷик дар охирин рӯзҳои Шӯравӣ, дар маҳфили навбатии Бунёди “Гуфтугӯи тамаддунҳо” аз ҳақиқати баҳманмоҳи хунин суҳбат хоҳад кард. Ин маҳфил рӯзи 22 августи соли ҷорӣ дар толори маркази тиҷории “Пойтахт” дар Душанбе баргузор мешавад.
Иброҳим Усмонов, раҳбари Бунёди “Гуфтугӯи тамаддунҳо” мегӯяд, дар ин суҳбаташ Бӯрӣ Каримов бештар дар бораи ҳақиқат ва овозаи ҳодисаҳои февралии соли 1990 ҳарф хоҳад зад. Оқои Каримов, ки он вақт ба ҳайси муовини раҳбари Шӯрои вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ кор мекард, ба ташкили бетартибиҳо дар пойтахти кишвар муттаҳам мешуд. Баъд аз он воқеа ӯ аз вазифаҳои давлатӣ канор рафт ва то кунун берун аз кишвар, дар Русия, кору зиндагӣ мекунад.
Бӯрӣ Каримов донишгоҳи техникӣ ва давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҳоло доктори илмҳои техникӣ, профессор, академики Академияи нақлиёти Русия ва Академияи байналмилалии улуми иҷтимоӣ ва узви Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва адибони Тоҷикистону Русия аст.
Ӯ соли 1987 дар 29-солагияш вазири сохтмон ва нақлиёт ва баъди ду сол раиси Госплан таъин гардида буд. Ҳоло дар Тоҷикистон созмони “Боргоҳи сухан” амал мекунад, ки муассисаш Бӯрӣ Каримов аст ва дар гузашта ҷоизаи таъсисдодаи ин маҳфилро Муҳаммадҷон Шакурӣ, Фарзона, Бозор Собир ва дигарон соҳиб шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |