Тоҷикистон меравад. Худдории Узбакистон аз иштирок дар тамрини Чин
Ҳафт ҳазор нерӯи низомии Чин, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистону Тоҷикистон дар шимоли Хитой ҷамъ омада, барои машқҳои зиддитеррористии “Миссияи сулҳ-2014” омодагӣ доранд.
Русия ба ин тамрин, дар маҷмуъ, 1000 сарбоз ва 100 ҷангафзор фиристодааст. Қаблан мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон гуфта буданд, дар “Миссияи сулҳ-2014” дар Чин беш аз 200 сарбозу афсари тоҷик иштирок хоҳанд кард.
“Миссияи сулҳ-2014”, ки дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкории Шонгҳой (ШОС) баргузор мегардад, аз 24 то 29 августи соли ҷорӣ идома хоҳад дошт. Узбакистон танҳо узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой аст, ки нерӯҳои низомияш дар ин тамрин иштирок намекунанд.
Ин машқи нерӯҳои низомӣ дар ҳоле баргузор мегардад, ки ҳамоиши сарони кишварҳои узви ШОС рӯзи 11-12 сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе доир хоҳад шуд. Инчунин, дар ин ҳамоиш раҳбарони Эрону Афғонистон ва Ҳиндустон ба ҳайси кишварҳои нозир дар ин осзмон иштирок хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |