Даргузашти Симини Беҳбаҳонӣ, “бонуи ғазал”, дар 87-солагӣ
Симини Беҳбаҳонӣ, шоираи саршиноси эронӣ дар синни 87-солагӣ дар Теҳрон даргузашт. Хонуми Беҳбаҳонӣ, ки аз мушкили қалб ранҷ мебурд дар бемористоне дар пойтахти Эрон бистарӣ буд.
Ӯ беш аз 63 навъи вазни навро дар шеъри форсӣ эҷод карда, ҳамчун “бонуи ғазали Эрон” маъруф аст. Ҳаводорони ашъори Симини Беҳбаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам зиёданд.
Симини Беҳбаҳонӣ 19 июли соли 1927 дар шаҳри Теҳрон ба дунё омадааст. Фориғутаҳсили риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи Теҳрон буда, аммо аз рӯйи ихтисос фаъолият накардааст. Узви Конуни Нависандагони Эрон буд. То он ки дар моҳи марти соли 2010 мақомоти Эрон ба ӯ иҷозаи сафар ба хориҷро надоданд, чанд маврид меҳмони Аврупо ва Амрикои Шимолӣ буда, шабҳои шеърашро баргузор кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |