Бахшҳо

“Наход ҳамватанони ман дар чунин вазъият зиндагӣ кунанд?”

Зеварбону РАУФӢ

Субҳи зуд аз хоб бедор шудем ва банду бисоти як сафари кӯтоҳмуддатро омода кардему роҳии сафар шудем. Офтоб тоза аз хоб бедор шуда буд ва аввалин анвори талоияшро ба атроф мепошид. Аз панҷараи мошин насими форами субҳгоҳӣ мевазид, ки на танҳо сурат, балки рӯҳи инсонро низ навозиш мекард.

Ҳар қадар, ки аз шаҳр дур мешудем, манзараҳо зеботар мешуданд, ҷои хонаҳои баландошиёнаро дарахтон ва куҳҳои сар ба фалаккашида иваз мекарданд ва буқҳои мошинҳову дудҳои бадбӯйро шур-шури об, чаҳ-чаҳи парандаҳо ва бӯи хуши алафҳои тар ҷойгузин мешуд. Ин ҳама тағйирот хеле лаззатбахш ва форам буд. Ҳанӯз ҳам, вақте чашмонамро мебандам, ин манзараҳо дар навори хотиротам ҷон мегиранду намудор мешаванд. Мо он қадр рафтем то дарёи Варзоб ба охир расид ва ҳамин тавр заминҳои ҳамвор. Ҳоло доштем ҷоддаҳои муртафеътарро пушти сар мекардем. Ҳамин тавр, ки аз куҳҳо боло мерафтем, вуҷуди ман низ аз эҳсосот лабрез мешуд.

Ба ҳар тараф, ки чашм меафтод куҳҳо буданд, аз ҳама ранг ва андоза, куҳҳои қаҳваӣ ва хокистариранг ва ҳатто дар баъзе қисмати куҳҳо мешуд чанд рангро бо ҳам омехта, мисли рангинкамон пайдо кард. Ба худам мегуфтам, ки воқеан ҳам Тоҷикистони маро беҳуда сарзамини куҳсор намегӯянд. Дар қуллаи баъзе аз куҳҳо барфҳои ҳанӯз обнашударо ҳар ҷо- ҳар ҷо мешуд дид. Тиккапораҳои абрҳои пуфкарда ва сафед порчаи якранги нилии осмонро лаккадор карда буд. Аз он баландӣ ба поён, ки менигаристӣ, дарёи хурӯшон ва тирарангро медидӣ. Дар баъзе ҷойҳо мешуд дид, ки чи тавр дили сахти сахраҳо аз ҳам шикофта шуда ва аз даруни онҳо обҳои шафоф ва зулол ҷорист. Ин ҳама зебоӣ, воқеан, руҳияи инсонро иваз мекунад. Дар ҳамин ҳол, ки аз вуҷуди ин ҳама манзараҳои ҳориқулода лаззат мебурдам, чашмам ба манозиле уфтод, ки ба зӯр тасвирашон мекунам. Хонаҳои сохташуда аз сангу гил бо яке ду панҷараи чӯбии беранг ва дарҳои сохташуда аз шикастачӯбҳо.

Хуллас дар як калима гӯем мисли хонаҳое, ки дар охирҳои асри санг месохтанд. Вақте, ки мардум тоза ҳунари хонасозиро омӯхта буданд. Бовар кунед, дидани як чунин манзарае дар асри 21, асри илму техника маро хеле нороҳат кард, ки наход ҳамватанони ман дар як чунин вазъияте зиндагӣ кунанд. Аз падарам хоҳиш кардам, мошинро нигаҳ доранд, то бо як зане, ки ба сӯи кулбаи гилиаш мерафт, ҳамсӯҳбат шавам. Аз ҳарфҳояш маълум шуд, ки ин хонаҳоро мардум худашон, ба қавле ба роҳи ҳашар месохтаанд. Дохили хонаҳо сафед карда шуда буд, ки аз салиқаи зебоидӯстии тоҷикона далолат мекард. Назди ҳар як хона танӯр ва оташдони гилӣ сохта буданд. Чи тавре, ки ин бонуи кӯҳистонӣ нақл кард, дар минтақаи онҳо қувваи барқ ба ҷуз тобистон, дар фаслҳои боқимондаи сол ба ҳолати лимит дода мешавад, яъне субҳ 2 соат ва баъд аз шом 2 соат, барои ҳамин ғизоро дар як чунин оташдонҳо омода мекардаанд. Вазъияти ҳамватанонамро дар ин минтақа дида, дилам сахт ба дард омад. Ба худ гуфтам, шояд беҳуда аз тариқи радиову телевизион такрор ба такрор намегуфтаанд: «шукрона кунед». Воқеан ҳам, баъд аз дидани як чунин вазъияте ва дар баробари он тасаввури зиндагӣ дар шаҳр, бояд шукрона кард. Ҳарчанд...

Хуллас бо диле аз андуҳ пуршуда ба роҳи худ идома додем. Ҳамин тавр, аз хонаҳои гилӣ дур мешудем, дилам ба ларза меуфтод, ки мабодо дар он минтақа зилзилае ба амал ояд, ё Худо нокарда ярч фарояд. Охир бо чунин хонаҳое, ки ин мардуми бечора доранд, Худо медонад ки чи талофоту фоҷеае метавонад рух диҳад...

Русторо пушти рустои дигар паси сар мекардем, то ин ки дар паҳлӯи роҳ чашмам ба чанд нафар уфтод, ки дар канори роҳ нишаста буданд. Бароям ҷолиб буд бидонам, онҳо чӣ кор мекунанд. Барои ҳамин аз падарам хостам, мошинро дар канори онҳо нигоҳ доранд. Аз мошин фаромадам, панҷ-шаш зани миёнсол нишастаанд, ки аз фарти хастагӣ камар хам зада буданд ва чашмҳои варамкардаю сурхашон дарак аз камхобӣ медод. Дар наздашон сатилҳои пур аз зардолу, ки маълум буд тоза чида шудаанд. Чашмам нохудогоҳ ба дастонашон уфтод, дастони офтобзадаю чурукида ва хоколуд ва дар айни ҳол мисли замини кавире, ки аз беобӣ тарак мебардорад, пур аз таракхӯрдагиҳо. Бо онҳо ҳамсуҳбат шудам ва дар посух бар пурсиши ман дар мавриди рӯзгору вазъи зиндагияшон гуфтанд, ки ҳамсарон ва писаронашон дар Русия мардикор ҳастанд ва танҳо Худо медонад, ки кай кори онҳо барор мегирад ва маблағе барои хонавода мефиристанд. Барои ҳамин, онҳо маҷбуранд дар ҳамин чанд метр замини назди ҳавлияшон то ҳадди имкон заҳмат кашанд ва ҳосили хуб ба даст оваранду зардолуву себи боғашонро ба роҳгузарҳо фурӯшанд, то харҷи зиндагии худ ва фарзандонашонро дар оваранд. Ба чеҳраи офтобсӯхтаи ин занони меҳрубон нигоҳ мекардам ва бори дигар сари таъзим фуруд меовардам ба мардонагӣ ва азамати зани тоҷик, модари мушфиқу меҳрубоне, ки дар ҳар ҳолате ҳам бошад ғами фарзандонашро мехӯрад. Ва танҳо орзӯяш ин аст, ки фарзандонаш зиндагии беҳтаре дошта бошанд.

Ба ҳар ҳол пас аз дидани як чунин манзарае пеши чашмамро пардаи андўҳ пӯшид ва дилам аз фарти нороҳатӣ гӯиё дар худ мепечид, дигар манзараҳои гирду атроф бо он ҳама зебоӣ ба ман таъсире намекарданд. Ба он занони заҳматкаш ва қавиирода фикр мекардам, чашмам ба писараке 9-10-солае уфтод, ки дар қатори чанд тани дигар, ки падарам назди яке аз онҳо кашк харид, кашк мефурӯхт. Либосҳои жандаю чурукида дар тан дошт ва пойафзоли куҳнаву даридае, ки маълум буд борҳост таъмир шуда. Чеҳраи офтобсӯхта ва мӯйҳои номуназзаму жӯлида, андӯҳе ё шояд хастагии амиқе дар чашмон ва дар лабонаш лабханди беолоише аз рӯи соддагӣ. Вақте раҳгузаре аз ӯ кашк (қурут) мехарид, чеҳрааш кашида мешуд ва чашмонаш аз хушҳолӣ барқ мезаданд. Бо дидани ин манзара оҳи сарде кашидам, ки гӯӣ тамоми баданамро мунҷамид кард, ҳалқаи ашк чашмонамро фаро гирифт. Дигар намедонистам чӣ кор кунам, гиряамро нигах дораму буғзамро фурӯ барам ё ин, ки зор-зор ашк бирезам…

Қувваи аҷибе маро ҳидоят мекард ва маро водор кард аз мошин пойин биёям ва ба тарафи писарак равам. Аз ӯ як чанд кашке харидам ва ба чеҳраи хушҳолгаштааш нигариста, аз ӯ пурсидам, ки чаро мисли дигарон рафта дар боғҳо зери сояи дарахтон бозӣ намекунад ё дар ин гармӣ рафта дар дарёча обтанӣ намекунад? Лабханде ба ман зад ва гуфт: - Апачон, оббозӣ ва бозӣ кардан барои баччаҳоест, ки вазъияти молии хуб доранд, ин тур зиндагиҳои афсонавӣ барои ман нест. Ман аз оилаи камбизоат ҳастам ва бояд ба модару падарам ёрӣ расонам,то зиндагиро бичархонем, волидонам низ робот нестанд-ку, онҳо низ аз пайи як бурдаи нон барои ману хоҳаронам заҳмат мекашанд. Зиндагӣ қанд дар чой об кардан нест. Зиндагӣ хеле мушкилот дорад ва ҳоло, ки сентябр қариб омада аст, ман бояд ҳадди ақал пули либос ва лавозими хониши худро дарбиёрам.

Ин тур ҷавобро, ки шояд лаҳнаш каме дигар буд ва дар зеҳни ман ин гуна сабт шуд, аз писараки хурде мисли ӯ шунида дигар намедонистам чӣ бигӯям. Танҳо як бор дигар ба чеҳраи маъсумаш нигоҳ кардам ва аз он ҷо дур шудам. Намедонистам аз ӯ мегурезам ва ё аз дасти кӯтоҳи худ, ки наметавонам барои ин кӯдаки азиятдида ва дар тифлӣ бузургшудаи ҳаммиллатам коре анҷом диҳам.

Дар мошин дигар на аз панҷара нигоҳ мекардам, на бо атрофиён ҳарф мезадам. Дар гӯшам танҳо садои писарак буд, ки мепечид. Ва аз ҳама бештар он ҷумлаи аҷибаш «зиндагӣ қанд дар чой об кардан нест, зиндагӣ пур аз мушкилот аст». Бо он кӯчакиаш аҷаб ҳарфи файласуфонае зада буд, фикр мекунам ӯ аз ман ва ҳатто аз хеле одамҳои бузургтар аз ман зиндагиро беҳтар мефаҳмад. Писарак он қадр дар гирудори зиндагист, ки бозӣ кардан бо ҳамсиннусолҳояш ва оббозӣ дар дарёчаро зиндагии афсонавӣ мешуморад. Аммо оё кӣ бояд тифлии аз дастрафтаи ӯро баргардонад ва муҳимтар аз он оё касе ҳаст, ки масъули ин вазъи асафбори тифлаки кашкфурӯшу мисли ӯ дар тифлӣ бузургшудаҳо бошад? Оё чӣ додгоҳе дар ин маврид ҳукми одилона бояд содир кунад???
Мӯҳр
Тазод
Ба рости касе бори аввал мегузарад, аз дидани чунин манзарахо дилаш гум мезанаду сараш чарх. Истилохгарон, мардуми точики ба чунин тарзи хаёти кухистони аодат кунонданд. Агар ба замини хамвору водии зархез кучонда биоришон хам, фикру хаёлшон дар хаму кулбаи вайронау, зардолуи бобои ва курути бибишаи. Ачиб аст.

BaXudo kasam xudamro doshta natavonistam girya kardam bisyor makolai zebo ofarin. ba har azobi kashidai in tiflakonu zanoni masum in hukumatdoron dar nazdi Xudo javob medihand

Офарин ва сад ахсант бо чунин дарки амики гаму андух барои хамватанонат!
Хелехо мегузаранду меоянд ва аз ин манзарахои хузнангез чизеро мушохида намекунанд!
***
Сина моломоли дард аст, эй дарего мархаме.

хакикати талхи хаёти моро бо санъати баланд иншо навистаанд.мардуми мо сазовори ин хел зиндаги нест,лекин чи илоч?......худо мадад кунад моро..

исо
ХОХАРЧОН....ШУКРОНАИ АНА ХАМИНРО КУНЕД КИ ДАВОМИ ЧАНДИН МОЛ БО ЗАХМАТХОИ "ФАРОВОН"БА ДАСТ ОМАДААСТ...

Шохзода
Офарин Зеварбону.Туро ва хонандагони дигарро намедонам, вале беихтиёр дар вакти хондани суханхои он кудаки 9 -10 сола, ки ба гуфти худат файласуфонаанд ашкам чори шуд. Ин холро хангоми сафар ба хама минтакахои Точикистон мушохида кардан мумкин аст.

Рудаки
Ачаб матни хубе, бехтарин суханбанди, олитарин ташбеххо, пурмаънитарин суханхо, бехтарин шакли тараннуми вазъияти имрузаи халки точик,,,,АММО бадтаринаш ин ки ба гуши касе (мансабдорон) намерасанд.!

Маш
Аввалтар аз хама, изхори сипос ба муаллифи ин гуфтахо ва дувум хамватанони арзиши бехтар аз чон доштаро панохи Парвардигори бузург мегузорам.

Хочи
Хонум Зеварбону! Гуё аз осмони хафтум афтода боши...

Парвиз
ПЕТЕ
Замини сахти кухистон дили нармам ато кардаст.

Зеварбону маълум ки шоирона навистанро дуст медоред. Зиндагии онхо аз зиндагии шумо дар шахр бехтар аст хар кадоми онхо дар маркази н.Айни ва дигар дехахои калон хона доранд. Дигар ин ки як ба Кавказ( Догистон ФР) сафар кунед ё ба гирду атрофи шахрхои бузурги Россия дар дехот дар канори рох хама замбуруг(хоч) ва тармевахоро дар сабатчаю сатилхо мефурушанд . Онхоро мачбури хам ба водихо барои зиндаги бурда намешавад. Камтар сафсата нависед. Ман хам кухистони ва медонам он хонахоро.

Хохари азиз, Зеварбону. Маълум, ки дарди миллат азобат медихад, аммо чи илоч, ки рохбарони имруза танхо дар гами мансабанду халос. Дарди миллат. азобхои писараки тасвиркардаат барои онхо бегона аст. Худованд албатта ягон вакт подоши амалхои берахми нисати миллати хешро ба онхо медихад.

Аз Фалғар
Сар-сарӣ навишта шудааст. Ин бону хабар надорад, ки онҳое, ки дар он кулбаҳо ба сар мебаранд, шояд ҳар якеашон 20 сар гов дошта бошанду 100 сар моли майда. Ва барои чарондани он молу говашон ба баландиҳо мебароянд.
Боғоти зардолуи онҳое, ки дар рӯи раҳ нишаста зардолу мефурӯшанд, ҳар дарахташ ним тона зардолу медиҳад.
Бачаи қурутфурӯшро нашнохтаед, бонуи хушнавис. Чунин бачаҳоро медонистам, ки сирф барои худашон ин пешаро интихоб кардаанд. Барои онҳо аз бозӣ пул беҳтар аст...
Зиндагие, ки онҳо доранд, кам касон доранд...

Захматободи
Said ва Фалгари! Дуруг гуфтан ба шумо намезебад. Шарм кунед. Тухмати махз нисбати ин мардуми бечора.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)