01.11.2014 – Ҷашни 90-солагии Душанбе, пойтахти Тоҷикистон
Маҳмадсаид Убайдуллоев – шаҳрдори Душанбе дар пайи як ҷаласаи кории худ санаи баргузории ҷашни 90-солагии пойтахтро муайян карда, корҳои омодагии ба ин санаро ғайриқаноатбахш хондааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, аз 25 то 26 октябри соли ҷорӣ 90-солагии пойтахт дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо таҷлил шуда, 1 ноябр карнавали идона дар боғи Наврӯзгоҳ баргузор хоҳад шуд. Манбаъ мегӯяд, аз 28 то 29 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги бародаршаҳри Душанбе – Санкт-Петербурги Русия барпо шуда, 30 октябр ҷаласаи тантанвии ҷашнвора ва 31 октябр ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо гузаронида хоҳад шуд.
Убайдуллоев дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ, ки рӯзи 16 августи соли ҷорӣ баргузор гардид, рафти корҳои тӯли ҳафтаи сипаришударо ғариқаноатбахш хонда, дастур додааст, то барои дар сатҳи беҳтар иҷро шудани онҳо бо иштироки комиссияҳои ҷамъиятӣ ҳамарӯза соати 19:00 дар ноҳияҳо ситоди ҳамоҳангсозии фаъолият баргузор карда шавад. Аз замони соҳиб шудани шаҳри Душанбе унвони пойтахти Тоҷикистонро имсол 90 сол сипарӣ мешавад. Бахшида ба ин сана ва таҷлил аз 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, як қатор иншооти замонавӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.
Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе мегӯяд, бахшида ба 90-солагии пойтахт, дар баробари меҳмонсарои “Шератон” чанд бинои дигар, аз ҷумла як бинои истиқоматии 12-ошёна, 11 бинои 9-ошёна, ҳашт бинои 5-ошёна ва Маҷмааи савдои муосири “Пойтахт-90”мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Маҷмааи савдои муосири “Пойтахт-90” ба маблағи 40 миллион доллар бунёд шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |