Боздошти муҳоҷире, ки дар фурӯши одамон муттаҳам мешавад
Кормандони пулиси нақлиёти Русия дар вокзали роҳи оҳани Оренбург шаҳрванди Узбакистонро боздошт кардаанд, ки дар пайгарди байналмилалӣ қарор дорад.
Дафтари матбуоти Прокуратураи нақлиёти Урал гуфтааст, дастгиршудаи 21-сола дар ватанаш бо иттиҳоми фурӯши одамон муттаҳам мешавад. Манбаъ гуфтааст, моҳи январи соли 2012 ин шаҳрванд ҳамроҳи падараш ба боварии як ҳамватанаш даромада, ба ӯ дар қаламрави Русия кори хубро ваъда кардааст. Баъдан ба Новосибирск омада, падари муттаҳамшуда бо зӯр ҳуҷҷатҳои ӯро гирифта, худашро ба шаҳрвандони Озарбойҷон фурӯхтааст. Гуфта мешавад, ҳоло масъалаи истирдоди ӯ ба ватан баррасӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |