Бахшҳо

Каромат Шарифов хост, ба бадномкунии Ислом хотима диҳанд

Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, аз ҷомеа ва ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ба бадномкунии Исломи ноб дар кишвар хотима бахшида шавад. Ӯ ин ҳарфҳоро дар номаи расмии худ ба Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия, баъди бозгашташ аз Ватан навиштааст.

Оқои Шарифов гуфтааст, дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон, ки нимаи аввали моҳи августи соли ҷорӣ сурат гирифт, тариқи телевизионҳои давлатӣ барномаҳоеро дар бораи бадахлоқии баъзе аз “муллоҳо” дидааст. Ӯ мегӯяд, агарчӣ рухдоди чунин ҳолатҳо истисно нестанд, аммо аслан ба дини мубини Ислом иртиботе надоранд. “Расонаӣ кардани ин мавзӯъ ба душманони Ислом имкон медиҳад, ҷавононро ба гуруҳҳои ифротӣ ҷалб намоянд. Исботи гуфтаҳо ин аст, ки имрӯз баъзе аз ҳамдиёрони мо дар нуқтаҳои доғи Сурия ва Ироқанд, ки дар он ҷо душманони Ислом мусалмонҳоро бо мусалмонҳо ба ҷанг андохтаанд”,-таъкид доштааст ӯ.

Раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, инчунин, дар номаи худ ба Имомуддин Сатторӣ тақозо кардааст, мақомоти Тоҷикистон ба талабҳои насли ҷавон гӯш бидиҳад. “Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ бояд андеша ва мавқеи насли ҷавонро ба назари эътибор бигирад, ки теъдодашон дар қаламрави Русия ба ду миллион нафар мерасад”,-гуфта шудааст дар номаи ӯ.

Каромат Шарифов рӯзи 12 августи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон омада буд. Вай гуфта буд, дар тӯли сафараш бо Маҳмудҷон Сангов, ки аз сӯи ҳамдиёронаш “фурӯхта” шуда ва зери дасти як соҳибкори инфиродӣ дар Русия ҳамчун ғулом кор мекарду ҳангоми фирор ҷароҳат бардошт, суҳбат мекунад ва чанд мулоқоти ғайрирасмӣ ҳам дорад. Торнамои Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик менависад, оқои Шарифов дар ҷараёни сафарш аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шаҳри Ваҳдат, бисткилометрии Душанбе, боздид карда, бо шароити кори онҳо ошно шудааст. Дар ҳукумати Ваҳдат ба ӯ гуфтаанд, раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амиров аз шароити баду тоқатфарсои муҳоҷирон дар Русия огоҳ аст ва онҳо талош доранд, барои 5 ҳазор сокини кишвар бо маоши беҳтар ҷои кор таҳия намоянд.

Раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар идома ба раҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон номаи расмии худро супоридааст, ки дар он мушкили муҳоҷирон дар Русия ва роҳи ҳалли онҳо нишон дода шудааст.
Мӯҳр
Бехдошт
Акаи Каромат Хукумат "мулло"-и бадахлокро, ки душмани дини мубини Ислом аст, расонаи кардааст. Карзи точикии Шумо- нагузоред то ки хамватанони мухочири моро дар Руссия ба гурухои ифротгаро чалб намоянд.

Karomat Sh. Behtarawkori xidatro ba xubi anjom te, naxutaki pewi kowuk wudan darkor ne. Va e masalavu muwjiloti muhojironro hal karda ba oxir rasondi??? Aaa woyad allakay mavzui muhojir barot Reklama PR namebierad ki ba "puwribonii" Islom dast zadi. Az Islom nafaroneki dar hakikat muminand inxel puwtiboni kunandbovar mekunam, vale na monandi awxosi tu, ki dar har yak chi foida mekovi.

А-а
Чизеро нафахмида сухан назан Каромат касе дини Исломро бадном накардааст. Ин бадахлокии "муллохои" доно мебошад,ки номи дини Исломро сиёх мекунанд. Ту Каромат гами мухочиронро бихур ва камтар хак талаб бикун аз хамватанони худ.

мусо
ИН ТВТ ДИГАР БАРНОМАИ СЕРТАМОШОБИН НАДОШТА БОШАД КИ БА .......МУЛЛОХО ЧАСПИДАЙ!!!?????

Огои каромат марди хубаст у ғами муҳоҷирора мехура на ғами вазифара я бор аз ҷаноб бипурсен боре аз муҳоҷиро гап мезана фикри муҳоҷирода ҳаст?

чи худтона ика доно мегирен?
ягонтат чени хами одам дар байни точико метоне назаррас шавед?
факат ай дастон комент нависи миёя
агане ягон хонашин будагисте хамат.

Каромат Шарипов хак мегуяд, худованд дар панохаш нигахбон бошад.

Ассафох
Бо боварии том метавон гуфт,Каромат Шариф яке аз он камназиронест, ки доираи сиёсии Русия эътирофаш мекунанд хатто аз сафири Точикистон дида дар ончо обруи баланд дорад.Ва ягона фарди равшанфикри миллат аст,ки дар паи дог карданаш нест ва чун Додочону Умарали дар хеч барномаи руси санги маломат бар миллаташ назадааст ба зами ин аз нафаронест,ки дар хатогихои хукумати феълди вокуниш мекунадБехдошт,
Бехдошт,

Камол
леки ханхонди да... охир нисфи чавонони точики россиябуда бесаводи фанатик хастанд. вайхоро гуш карда аз онхо чи маълумоти нав хохад гирифт???

ДОНИШЧУ
Офарин бародар Кароматулло .суханони Хак .!

Mehrubon
Mан шуморо намефахмам?! Барои чи ин хама санги маломат ба К.Шарифов мезанед?! Кадомин харфи уро нодуруст мешуморед?! Ман дар Точикистон нестаму надидаам, вале агар хондаву шунидахоям рост бошад, нишон додани хамчунин видео-клипхо дар шабакахои кишвар на ба фарханги мо созгор асту на ба урфу одатамон...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)