Бахшҳо
17 авг 2014 12:32Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Ғизои шоми Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли оилааш дар Тахти Наврӯз

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бегоҳи 16 августи соли ҷорӣ бо аҳли хонаводааш ба чойхонаи нави миллӣ, ки аз он “Тахти Наврӯз” ном бурда мешавад, омада ва ғизои шом хӯрдаанд. Як манбаи муътамад ба далели ифшо нашудани номаш гуфт, оқои Раҳмону хонаводааш қабл аз ба истифода додани чойхонаи миллӣ бино ва тамоми имкониятҳои онро аз назар гузарондаанд.

Аммо ин иттилоъ то кунун аз сӯи ҳукумат ва дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ тасдиқ ё рад нашудааст. Чойхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар шафати хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар соҳили кӯли ҷавонон, бунёд ёфтааст, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ - дар остонаи ҷашни Истиқлол ва ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамикории Шонгҳой - пурра ба истифода дода хоҳад шуд. Ин бино қаблан ифтитоҳ гардида, аммо ба далели корҳои зиёди анҷомнаёфта мавриди истифода қарор нагирифта буд.

Ғизои шоми Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли оилааш дар Тахти НаврӯзИн чойхона бо усули миллӣ сохта шуда, дар даромадгоҳи он расми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар иҳотаи ҷавонону солхӯрдагон ҳам нақш ёфтааст. Қаблан торнамои eurasianet.org арзиши ин чойхонаро беш аз 60 миллион доллар арзёбӣ карда буд, ки тақрибан як дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Чойхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе дуюмин, баъди чойхонаи “Хуррамшаҳр” дар ноҳияи Данғара, зодгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, ки бо харҷи даҳҳо миллион доллар бунёд ёфтаанд. Гуфта мешавад, ки чойхонаи Душанбе калонтарин дар ҷаҳон хоҳад буд.
Мӯҳр
Бехтарин. Давлати пешрафтаем.
1.Байраки баландтарин
2.чойхонаи калонтарин
3.китобхонаи калонтарин

Адиб
Ин биное, ки холо ба истифода нашудаасту мардум онро чойхонаи милли мегуяд, ин чойхонаи милли нест. Вакте, ки ба истифода доданд баъд мефахмед, ки чи ном дорад. Аммо ин чойхонаи милли нест ва тагйири ном кард.

меха из хорога
мардум гадой мекна шумо чойхона созен

сино
Мардуми чахон самолету ракетахои навбаромад мебароранд мо факат чойхонаву ошхона.

ОЛИ СОМОН
ин чи пешрафт бошад магар бо ин ягон мушкилии мардум ҳал мешад ба калонтаринҳо сохтан айб аст бас будагист. бояд аз Раҷаб Тайиб Ардуғон дарс омухт ки дар муддати 14 сол тавонист давлати Туркияро аз зинаи 112 ба зинаи 17 оварда расонд ва ният дорад ки дар соли 2023 ба зинаи 10 оварда расонадаш

1.байраки баландтарин
2.чойхонаи калонтарин
3.китобхонаи калонтарин
4.давлати камбагалтарин
дорем мо
Анущервон,

Ismaili
Анущервон,
Салом. Аз чихати мухочират, фасод, коорупция, ришвахури, порадихи, иктисодиёти паст ........ низ якум дар чахонем.

Везде чайхана, a где корхона?!!?

Вой мардум, то кай ин диктатура ва культ личности давом медихад?

беном
Анущервон,
Бо доштани ин 3 пункт, давлатро давлати пешрафта наменоманд.

Domullo
Binohoi obod gardad kharob ...

millate ki ru ba pastshavii savodu donnish ru ovardaast oyandai talkh dar pesh ast. agar tarzi hukumatdori digar nashavad, tarki vatan lozim ast, ei millati tojik!

Кесенчер
Аз хама мухимаш, майл ба самти рушд ва инкишоф хис карда мешавад.

лпо
Интиресни пули ужина ки дода бошад?

мухочир
бо байраки баланд ва чойхонаи кушоду дилнишин шиками мардуми бечораро сер карда мешавад? албатта не, агар кишваре ки дар хаёти осудаи мардум ба назар нарасад ва адолату баробари дар он пойдор набошад, зулму ситам хамеша хукмрон бошад, мардум аз хакки халоли худ бенасиб бошанд, чи даркор байраку чойхона ва дигар ашёе ки танхо барои худнамои аст. бигузор байраки хурдакаке дошта бошему чойхонахои хаскаппа, аммо дар баробари ин пешрафту камоли инсони дар кишвар пойдор бошад. ба мо даркор нест ин байраку чойхона......

Хизмат
Анущервон,Посух додан
Бехтарин. Давлати пешрафтаем.
1.Байраки баландтарин
2.чойхонаи калонтарин
3.китобхонаи калонтарин (шикам ки гурусна бошад -бо китобхони дар сар хичи намедарояду -агар бдроя бе пулу тага корёви кинай чура)
Ана хаминам ачоиб будааст - НееееееЭээээ
кани маоши хуб - кани рохи обод -кани демократия -кани ......
пулу тага дори хама чиз ичозатай -агар не ......... КасЕ ба Доооодат намеееРрасад!
ё не?......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)