Садамаи мусофиркаши ҳомили 50 корманди пулис
Дар вилояти Ҷизахи Узбакистон мусофиркаши ҳомили 50 корманди Раёсати умури дохилии вилоят ба садама дучор шудааст.
Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, яке аз фарзияҳои сониҳаи мазкур идораи мошинро аз даст додани ронанда мебошад. Дар пайи ин садама касе ба ҳалокат нарасидааст, аммо чанд нафар ҷароҳати вазнин бардоштаанд.
Uznews.net менависад, корманди пулис баъди анҷом додани назорати шиносномавӣ дар яке аз ноҳияҳо ба маркази вилоят ҳаракат доштаанд. Назорати шиносномавӣ ба хотири иди истиқлолияти Узбакистон, ки 1 сентябр ҷашн гирифта мешавад, эълон шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |