Дидорбинии Тошев бо зану фарзанд ва падараш дар зиндон

Масъулони зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе баъд аз ҳафт моҳи муроҷиати батакрори пайвандони Садриддин Тошев, маҳбуси тоҷик иҷоза додаанд, ӯ бо зану фарзанд ва падараш мулоқот кунад.
Бадриддин Тошев, падари ин маҳбус рӯзи 15 август дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бар асоси ваъдаи мақомот зану фарзанди Садриддин ва худи ӯ тавонистаанд, бо писараш охири ҳафтаи гузашта (9 август) мулоқот кунад. Тошев аз раҳбарияти зиндони рақами 1 Душанбе ва муовинаш - Раҳмонов миннатдорӣ кард, ки билохира баъд аз ҳафт моҳ ба писараш иҷоза доданд, то бо зану фарзанд ва худи ӯ мулоқот кунад.
Ӯ дар мавриди гардиши ғайриинтизор дар қазияи писараш ва инкори шоҳидиҳои додааш, гуфт, Садриддин Тошев аслан ин гуна ҷавоне, ки ӯро муаррифӣ кардан несту танҳо зери таъсири суханҳои Маҳмурод Одинаев, падари Суннатуло Ризоев, маҳбуси дигари тоҷик қарор гирифта буд.
Садриддин Тошев, ки дар марги Ҳамза Икромзода яке аз шоҳидони аслӣ ба шумор мерафт, ҳамроҳ бо Суннатуло Ризоев, маҳбуси дигари тоҷик барои паҳн намудани тақрибан ҳафт навори видеоӣ дар бораи шиканҷаи зиндониёни Хуҷанд айбдор шуда, мутаносибан 7 ва 9 солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Аммо ҳамагӣ баъд аз чанд рӯзи бекор шудани ин ҳукм аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ва фиристодани парвандаи ӯ барои баррасии дигарбора мулоқоти Тошев бо рӯзаноманигорон дар зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Садриддин Тошев дар суҳбат бо рӯзноманигорон тамоми наворҳои пахшшуда дар бораи вуҷуди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистонро сохтакорӣ хонда, гуфт, ин ҳама дар асоси нақшаи як гуруҳи манфиатдор сурат гирифта буд. Тошев гуфт, ӯро касе барои гуфтани ин суханҳо маҷбур накардаасту танҳо мехоҳад ба озодӣ барояд: “Маро касе маҷбур накардааст, 14 сол мешавад, инҷоям, безор шудаам, мехоҳам ба назди зану фарзандам баргардам.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |