Тибқи иттилои вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон нархи сўзишвории аз Қирғизистон воридшаванда нисбат ба Русия 317 доллар арзонтар аст.
Масъулини вазорати мазкур, нархи миёнаи як тонна сўзишвории аз Русия дохилшавандаро 1160 доллар ва аз Қирғизистонро 843 доллар арзёбӣ мекунанд. Сабаби арзон будани сўзишвориро дар Қирғизистон, масъулини Тоҷикистон дар он мебинанд, ки сар аз моҳи марти соли ҷорӣ, ба ивази лағви иҷорапулии пойгоҳи низомии Русия дар Кант, Қирғизистон сўзишвории русиро бе пардохти боҷи гумрукӣ ворид карда истодааст.Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон, моҳи ҷорӣ зимни содироти як тонна бензини русӣ, - 399 доллари амрикоӣ ва маҳсулоти рўшани нафтии дигар 297 доллар сари як тонна пардохт менамояд.Тафовути калони байни нархи сўзишворӣ дар ду кишвари ҳамсоя, қочоқи сўзишвориро аз Қирғизистон ба Тоҷикистон, ба тиҷорати фоидаовар табдил додаст. Барои пешгирии афзоиши қочоқи сўзишворӣ ба Тоҷикистон, Алмазбек Атамбаев, сарвазири Қирғизстон, 15 –уми июни соли ҷорӣ, қароре имзо кард, ки тибқи он содироти сўзишворӣ аз ҳудуди ин кишвар дар давоми 6 моҳ қатъиян манъ аст.{jathumbnail off}
Мӯҳр