Пайванди аъзои бадани шаҳрвандони хориҷӣ дар Эрон мамнӯъ шуд
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфтааст, ки пайванди узв барои атбоъ ё шаҳрвандони ғайриэронӣ мамнӯъ шуд.
Доктор Ҳасан Қозизода Ҳошимӣ дар дувумин ҷаласаи Шӯрои олии пайванди аъзо хотирнишон кардааст, бо таваҷҷуҳ ба теъдоди зиёди беморони эронӣ дар феҳристи пайванди узв, пайванди аъзо барои атбои ғайриэронӣ мамнӯъ шудааст. “Аз ин ба баъд, ин амал танҳо барои атбои эронӣ анҷом мешавад”,-афзудааст ӯ.
Илова бар ин, дар ин ҷаласа гуфта шудааст, барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна тахаллуф дар пайванди аъзои бадан, ҷарроҳиҳои пайванд низ фақат ба бемористонҳои давлатӣ ва донишгоҳӣ вогузор ва иҷрои он дар бемористонҳои хусусӣ дар саросари кишвар мамнӯъ шудааст.
Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки дар гузашта бархе аз сокинони Тоҷикистон барои пайванди аъзои бадан ба Эрон мерафтанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |