Раиси Маркази исломӣ: Баъзеҳо ба хотири курсии сабилмонда розиянд, ки...
Сайидмукаррам Абдулқодирзода – раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, дар кишвар баъзе аз курсихоҳоне ҳастанд, ки ба хотири дарёфти мақом ба қурбонӣ намудани садҳо тан омодаанд. Ӯ дар мавъизаи рӯзи 15 август дар масҷиди марказии Душанбе сокинонро ба ҳушёрӣ даъват кард ва ин гуна мансабхоҳонро “фитнагар” номид.
Абдулқодирзода бо ишора ба ҳаводиси ахири кишварҳои дунё гуфт, “бархеҳо ба хотири ҳамон курсии сабилмонда миллионҳо нафар ҳам қурбонӣ шавад, парво надоранду мегӯянд, бигзор ҳазорҳо нафар кушта шаваду ман ба он курсӣ расам.”
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз солҳои нооромии ҷанги дохилии Тоҷикистон ва вазъи бади сокинони кишвар дар он замон ёдоварӣ карда, гуфт, дар ин ҷанг беш аз 150 ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат ва зарари он ба тамоми қишри ҷомеа расидааст: “Бегуноҳу гунаҳкор ва бесилоҳу силоҳдор кушта шуданд, аз сабаби як фитна. Кӣ зарар дид? Тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон зарар диданд, касе нест, ки надида бошад.”
Ӯ ибрози таассуф кард, бо ин ҳол боз ҳастанд нафароне, ки мехоҳанд дубора ин гуна фитнаро барангезанду ба ҳадафҳои худ ноил шаванд: “Боз ҳам инсонҳое ҳастанд, ки мехоҳанд, чунин фитнаҳо барангезанд. Таҷриба нишон додааст, агар ним соат назди телевизор шинем, мебинем дар гӯшаву канори олам чӣ ҳодисаҳо рух медиҳад.”
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар идома аз бархе намозгузорони кишвр даъват кард, ҳангоми омадан ба масоҷид даст аз фитнакорӣ ва баҳси масоили ҷузъии мазҳабӣ бардоранд. Ӯ гуфт, “бархеҳо меоянду дар саффи намоз зиёдаравӣ мекунанд ва зарари худро ба намозгузорону масҷид мерасонанд. Аз барои Худо бархеашон омаданду ин гуна зиёдаравӣ карданд, кормандони ин марказ ё масҷид соатҳо бозпурсӣ шудаанд. Дар ҳоле ки зиёдаравии онҳо сари масоили ҷузъӣ мебошад. Ин як васвасаи Шайтон аст!”
Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар пайи ин ҳама даъвату ҳушдори худ таъкид кард, мусалмони воқеӣ нафаре аст, ки касе аз забон ё амали ӯ зарар намебинад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |