Ошкор шудани ҷои хариду фурӯш ва истифодаи нашъа дар Душанбе
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз ифшои боз як маҳалли хариду фурӯши маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, дар пайи як амалиёт дар шаҳри Душанбе аз сӯи кормандонаш сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шудааст, ки дар ташкили маҳалли хариду фурӯши маводи мухаддир гумонбар мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми боздошти ин ҷавони тоҷик, дар манзили ӯ ҳамзамон 7 сокини кишвар, аз ҷумла чаҳор зан низ ҳузур доштаанд, ки синнашон аз 19 то 30 буда, ҳамагӣ зери таъсири маводи нашъаовар қарор доштаанд. Инчунин ҳангоми бозҷӯии ин манзил миқдори муайяни маводи мухаддир низ пайдо шудааст.
Дар ҳамин ҳол дар пайи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ як сокини 33-солаи пойтахт боздошт шудааст, ки давоми ду соли охир ин маконро бо маводи мухаддир таъмин мекардааст. Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон илова кардааст, ки ҳоло афроди дастгиршуда дар боздоштгоҳи муаваққатии ин ниҳод қарор дошта, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |