Таркиш дар Рӯдакӣ, заҳролудшавии 30 нафар ва шарҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон таркиши шаби 14 август дар корхонаи оҳангудозии ноҳияи Рӯдакиро, ки дар пайи ҳудуди 30 нафар заҳролуд шудаанд, шарҳ дод.
Ориф Нозимов, сухангӯи ин ниҳод, ба хабарнигори Озодагон гуфт, “коргарони корхонаи арматурсозӣ вақте як балони 40-килограмиро барои сохтани печка мебуранд, дар дохилаш хлор будааст ва он метаркад”. Мусоҳиби мо илова кард, “бӯи ғализи он зуд ба атроф паҳн шуда, ба 16 кӯдак ва 8 одамони калонсол зарар расондааст”.
Қаблан чанде аз сокинони деҳаи Арбобхотун, ки дар наздикиҳои корхонаи оҳангудозии Рӯдакӣ воқеъ аст, гуфта буданд, ин ҳодиса соати нуҳи шаб дар пайи таркиши балони кислород рух дода, бештар занони ҳомила ва кӯдакон заҳролуд шудаанд. Ба қавли онҳо, аксари зарардидагон ба бемористони Қарияи Боло ва “Советский-1” интиқол ёфтаанд.
Дар ҳамин ҳол, Хайрулло Шарифов -- муовини аваали раҳбари Маркази миллии тиббӣ, рӯзи 15 август дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, “шаби гузашта 19 нафарро оварданд, ки аз ин теъдод 16 нафарашон ноболиғ буданд. Аз бӯи ғализ дар ҳоли беҳушӣ буданд. Мо онҳоро муоина кардем ва аз ду соат ҷавоб додем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |