Бахшҳо

Ислом Каримов: “Гӯед, ки кай тоҷик хони Бухоро шудааст?”

Осмонакун Иброҳимов – профессори қирғиз ва номзади илмҳои филологӣ ҷузъиёти ифшонашудаи баҳси Ислом Каримов – раиси ҷумҳури Узбакистон бо Аскар Оқоев – раиси ҷумҳури пешини Қирғизистонро дар бораи ҳувияти ҳамсари Манас ошкор кардааст.

Иброҳимов дар ин матлаби худ, ки дар блоги хусусиаш ба табъ расидааст, мегӯяд, номгирии Оқоев аз ҳамсари ин қаҳрамони қирғизон ҳамчун зодаи Бухоро ва фарзанди миллати тоҷик дар ҷашни 1000-солагии достони “Манас” бо вокуниши сахти раиси ҷумҳури Узбакистон рӯбарӯ шуда буд.

Ба гуфтаи ӯ, “дар ҷаласаи бахшида ба 1000-солагии достони “Манас”, ки дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор шуду дар он намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, раҳбарони ҳафт кишвар, дабири кулли ЮНЕСКО ва меҳмонони дигар ҳузур доштанд, сухан ба Аскар Оқоев дода шуд. Раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон ҳангоми маърӯзаяш дар бораи “Манас” сар аз матн бардошту гуфт, ҳамсари Манас, ки аз ӯ Ханикей ном мебаранд, зодаи Бухоро буда, духтари тоҷик мебошад.”

Ба нақли Осмонакун Иброҳимов, ин гуфтаҳои раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон ҳамтои узбакашро сахт нороҳат карда, ӯро водор сохтааст, то ҳангоми расидани навбати суханронӣ вокуниш нишон диҳад: “Каримов чун ба минбар рафт, матни маърӯзаро як тараф гузошта, ба ҳамтои қирғизаш хитоб карду гуфт, ҷаноби Оқоев, аз куҷо якбора зани Манас Ханикей тоҷик шуд? Ба кадом далел ин хел гуфтед? Охир, ӯ аслан узбак буду духтари хони Бухоро! Гӯед, ки кай тоҷик хони Бухоро шудааст?”

Раиси ҷумҳури Узбакистон, ки хеле ғазаболуд будааст, дар идома таъкид кардааст, ки ҳамаи қаҳрамонҳои қирғиз бо духтарони узбак издивоҷ кардаанд, аз ҷумла ҳамсари наздиктарин ҳамнабарди Манас - Алмонбет Арууке ҳам узбак будааст. “Ӯ баъд аз суханронӣ ҳамроҳ бо ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев толорро тарк карданду дигар дубора боз нагашт, ҳар чанд каме баъд Назарбоев ба толор баргашта буд ва ахиран Каримов худи ҳамон рӯз ба гуфтаи худаш ба хотири корҳои муҳим Бишкекро ба қасди Узбакистон тарк кард”,-ба ёд овардааст Осмонакун Иброҳимов – профессори қирғиз ва номзади илмҳои филологӣ.
Мӯҳр
Каримови беакл! Пайдо шудани узбакро фикр кунед! Аз кучо пайдо шуда, чи таърих доред! Холо аник маълум нест, ки решаи шумо аз кучост! Мугул, Хитой, Япония ва гайрахо.

Мино
Мухтрам Ислом Абдуганиевич намешад, ки Рухшона, Гурдофарид, Робиаи Балхи, Бибихонум Зебунисо, Мухасти, Ситораи точик модари тиби ахли башарро, Модари Имом ал Бухори, модари имоми Аъзам, Модари Имом Тирмизиро хам узбак гуем на шумо хатто мекунед тарих худаш хама чизро исбот мекунад,

саид
Гарчанде ки хонхо магнит буданд вале коргузории аморатхо дар давоми садсолахо хама вакт бо забони точики буд.ИН ФАКТ ХАСТ ВА ИНРО КАСЕ ИНКОР КАРДАН НАМЕТАВОНАД

Чои тааччуб нест то мурданаша бахили дорад ин Каримов

ИСМОИЛИ СОМОНИ ДЕВОРИ БУХОРОИ АЗИЗАШ БУД. УЗБАКХОИ БОДИЯНИШИН ЗАМИНИ ТОЧИК -БУХОРОРО БО СИЁСАТИ АБЛАХОНАИ СССР АЗ ХУД КАРДАНД. БУХОРОВУ САМАРКАНД ЗАМИНИ ТОЧИК БУДУ ХАСТ. РУЗЕ БА ТОЧИКИСТОН БАРМЕГАРДАД!!!

Столько горя из за этого Каримова И. Все народы Средней Азии все, дружат, а этот человек как черт все гадит да гадит все мутит да мутит.

Насрулло
Бухоро хеч гох "хон" надошт. Бухоро АМИР дошт)))

джаноби ислом каримов аз йодаш фаромуш шудааст ки модари худаш точик аст бухоро ва самарканд аз сар пойтахти миллати точик буд иншоаллох бо амри аллохи мехрубон мо ин шахрхои бузурги таьрихиамонро мегирем бо сардории джаноби оли узбек халк набуд ва нест инхо фарзандони мугулу турко хастанд ва инро хама нагз медонад аз бефахмии давлати шуравии комунистхо ин шахрхои тарихии моро гирифтаанд дуо кунед то инки аз дасти ин метистхои мугул бухорои шариф самаркандро бигирем омин

чонон
Муйсафеди эзма, таъриха бхон баъд бахс кун

Мухаммад
"Гуед,ки кай точик хони Бухоро шудааст".Бесавод точик хеч вакт хон набудааст балки точик ё "шох"будааст ё " амир":)))

Кайхон
Ин Абдулганиевич хар чи гуфтан мегирад. Тамоман аз таърих хабар надорад

Психоз
Ислом ака Чохилиша исбот кардааст. Вай интизор будааст, ки Аскар Акаев аз минбари баланд, худро Узбакзода эълон мекунад ва пайдоиши узбака ба давраи Хазрати НУХИ НАБИ мебарад. Урток Каримов таърихчиёта бугу ки Афсона нанависанд, ки ана хаминхел минбарои баландба подводит мешаи. Эгоист, Хони Бухорора нафахмиди, ну ладно а ШОХИ БУХОРО КИ БУД ?

ОООоооо хоооо Ислом Карим Узбаки ТУ. Таърих Надорад...Шумо миллат нестед!!! Ба гуфти Шоирои бузурги ТОчик Хам САМАРКАНД Хам Бухоро БАХУДО шахри ман аст....Аскар Оқоев рост гуфтааст.. Иншооллох САМАРКАДУ БУхОРО АЗ МО бУД ВА АЗ МО МЕМОНАД.

Абдуллох
Обоооооооо дузди зур сохиби говро мутахам кардааст мегуянд! Лекин ин Каримов хам хачунин гуфтасту кардааст. Дониста бошед э Каримов на танхо точикон мегуянд, ки Самаркаду Бухоро азони мост балки Чахониён медонанд, ки ин сарзамин ачдодони точикон аст...

Шахбоз
Агар анализи денка кунем нисф зиёди хуни огои Каримовам точики мебарояд! Точикам дар ватани хеш чаро мутахамам ё хато рафта ба точи таваллуд шуданам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)