Ноиби аввали Эмомалӣ Раҳмон дар бораи интихоботи 2015

Сафар Сафаров, ноиби аввали Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, гуфт, анҷумани онҳо барои интихоботи парлумонии 2015 моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.
“Он вақт тамоми нақша ва ҳадафҳоро эълон дошта, феҳристи довталабони курсии Маҷлиси Намояндагонро низ ошкор хоҳем кард”,-афзуд ӯ. Оқои Сафаров, ки дар ин бора дар ҳамоише бахшида ба 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ суҳбат мекард, гуфт, дар остонаи интихоботи парлумонӣ ҳизбу ҳаракатҳо фаъол мешаванд ва набояд аъзои ҲХДТ зиракиро аз даст дода, зиёдаравӣ намоянд.
“Хусусан ба кори ташкилоти ибтидоӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад. Ташкилоти ҳизбӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро дар доираи татбиқи шиорҳои созандаи ҳизб “Барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!”, ҳамзамон дар партави ғояи ваҳдатсоз “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол- Ватани маҳбуби ҳамаи мо!” ба роҳ монанд”,-таъкид дошт ӯ.
Муовини аввали раиси Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ мегӯяд, онҳо талош хоҳанд кард, ҳарчи бештар бо мардум дидор намуда аз мушкилашон огоҳ ва барои ҳалли он мусоидат намоянд. Ӯ бовар дорад, аз ин тариқ тарафдорони зиёдеро ҷамъ намуда, пирӯзии намояндагони ҳизбашон дар интихоботи парлумониро таъмин хоҳанд кард.
Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки дар садри он раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, бо бештар аз 200 ҳазор узваш ҳизби бузургтарини сиёсӣ дар кишвар дониста мешавад ва қсимати аслии курсии вакилони Маҷлиси Намояндагон низ дар ихтиёри намояндагони ин ҳизб аст. Ҳарчанд соҳибназарон мегӯянд, аксар аъзои ин ҳизб кормандони идораҳои давлатӣ, донишҷӯён ва омӯзгорон буда, аз рӯи мақому вазифаашон ба ин ҳизб омадаанд, на довталабона.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |