Гуруҳе аз сокинони Тоҷикистон ба далели наёфтани ҷои кору шароити муносиб барои зиндагӣ кишварро тарк мекунанд ва барои худ дар хориҷ, аз ҷумла Русияву Амрико, ҷой меҷӯянд. Ин дафъа “Озодагон” аз мусоҳибони худ пурсид, дар Тоҷикистон худро то куҷо роҳат ё “комфорт” эҳсос мекунанд?
Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ:
“Дар Тоҷикистон, ҳатто дар замони ҷанги дохилӣ, худро роҳат эҳсос мекардам. Зеро ин Ватани ман аст, зодгоҳи ман аст. Ватан ҳатто дар мушкилӣ, барои ватандӯст як ҷойи роҳат бояд бошад. Ҷойе бошад, ки беҳтар аз онҷо макони дигаре набошад. Бубинед, мардуми Украина дар кадом вазъият замини худро ҳифз мекунанд. Онҳое, ки рафтанд, боз пушаймон мешаванд ва ба Ватани худашон бармегарданд. Онҳое, ки зиндагии роҳатро дар шароити иҷтимоӣ мефаҳманд, дар Амрико ҳам бошанд, нороҳат мешаванд. Чунки ҳолати равонии онҳо чунин аст. Онҳо ҳамеша аз ҳамсоя, худ, Ватан норозӣ боқӣ мемонанд. Ҳатто дар Амрико ва дар кишварҳои мутараққӣ ҳам одамоне ҳастанд, ки хонаву дар надоранд. Дар истгоҳу дигар ҷойҳо хоб мекунанд. Дар Ватани мо чунин нест, шояд ягон ақлгумкарда ва ё майзадае бошад”.
Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшинос:
“Бо дарназардошти шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳозира гуфтан мушкил аст, ки дар Тоҷикистон касе зиндагии роҳат дошта бошад. Чунки шароити иҷтимоии мо чунин имконият намедиҳад. Инчунин, аксар шаҳрвандони мо дар муҳоҷират қарор доранд. Инҷо чанд мушкил аст ва дар заминаи ин мушкилот мушкилоти фарҳангӣ ва сиёсӣ ҳам пайдо мешавад”.
Асомиддин АТОЕВ, раҳбари Анҷумани ширкатҳои интернетрасон:
“Ҳама чизи олам нисбист. Дар умум гуфтаниам, ки, бале, зиндагии шоиста дорам, алҳамдуллилоҳ. Худро хушбин меҳисобаму бовар мекунам, ки тадриҷан зиндагӣ беҳтар мешавад. Барои беҳтар шудани он кӯшиш ҳам мекунам, ки то қадри имкониятам саҳмгузор бошам. Ҳамчун шаҳрванди ҷомеа на танҳо ҳуқуқи худро ҳифз намоям, балки масъулияти худро низ шиносаму ҳадди аққал ҳуқуқи дигаронро поймол накунам. Ҳамчун коршинос мушкиливу камбудиҳои соҳаро ошкорову бо далел нишон диҳаму роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод кунам. Ҳарчанд ҳис мекунам ки хомӯш истодану дурӯғ гуфтанро баъзеҳо авлотару боз ҳам авлотар медонанд. Албатта, чунин муносибат заифкунандаи эътимод аст. Лек боз ҳам дар умум, онҳо муваққатианд. Офаридгор бузург аст”.