Парванда алайҳи Висол барои садама бо “Лексус”-и Остон Азизов
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 112 ва 127 - нисбат ба Висол Азизов, хонандаи мактаби байналмилалии Душанбе ва ҷияни овозхон Остон Азизов, парванда боз кардааст.
Баҳриддин Давлатбеков, сардори шӯъбаи тафтишотии Раёсати умури дохилии пойтахт, гуфт, яке аз ин моддаҳо барои қасдан расондани зарари сабук ба саломатӣ ва дигаре барои дидаву дониста нарасонидани ёрӣ ба шахсе, ки дар вазъияти барои ҳаёт ё саломатиаш хавфнок қарор дорад, ҷазо пешбинӣ мекунад. Оқои Давлатбеков афзуд, “ҳоло тафтишот ҷараён дорад. Аз рӯи моддаи 127, қисми 2, нисбат ба Висол корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 140 то 240 соат, ё ҷарима ба андозаи аз 200 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо пешбинӣ шудааст. Остон Азизов, ки худрав ба ӯ тааллуқ дорад, ҷаримабандӣ хоҳад шуд”.
Ба иттилои масъулони Раёсати умури дохилии Душанбе дохилӣ, Висол Азизови 17-сола, хонандаи синфи 11-и мактаби байналмилалии Душанбе рӯзи 5 август савори автомашинаи Лексус “ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ, дар назди бинои Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пиёдагард Умарҷон Назарови 21-сола, донишҷӯи бахши чоруми факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз пой афтонда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи рақами 3-и пойтахт бистарӣ мегардад”.
Висол Азизов, писари Қамарулзамон Азизов, аз хонаводаи овозхонҳои шинохтаи гуруҳи “Анис” гуфта мешавад. Дар аксе, ки Висол дар саҳифаи Фейсбуки худ гузоштааст, дида мешавад, ҳамроҳи дӯстонаш дар як мошини гаронбаҳое нишастаанду дар миёнашон Расули Амонулло – писари Амонулло Ҳукуматулло, раиси собиқи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ҳам ҳаст. Номи Расул дар пайи садамаи маргбори шаби 9 октябри соли 2013 дар маркази Душанбе, ки се куштаву се маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, расонаӣ шуд ва он вақт гуфта буданд, ӯ дар мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе таҳсил мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |