Мустафо Ҷамилов: Обама ваъда кард, барои ба Украина баргардондани Қрим кумак мекунад
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ваъда дод, дар баргардондани Қрим ба Украина кумак хоҳад кард. Ин нуктаро Мустафо Ҷамилов, вакили мардумӣ ва яке аз пешвоёни тоторҳои Қрим зимни суҳбат бо Эспресо.tv изҳор доштааст.
Ба қавли ҷаноби Ҷамилов, Обама ҳангоми суҳбат бо ӯ гуфтааст ИМА барои баргардондани Қрим талош хоҳад кард. “Ӯ дар Варшава гуфт, “Русия дузд аст, Қрим бояд ба Украина баргардонда шавад”,-афзудааст ин вакли мардумӣ.
Мустафо Ҷамилов дар ин мусоҳиба ҳамчунин аз суҳбаташ бо президенти собиқи Тотористон ёд овардаст: “Вай аз ман пурсид, ки чӣ хидмат карда метавонад, гуфтам: “Путинро мутақоид созед, то неруҳоро берун кашад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |