Қатъи пахши ҳадисҳои паёмбар дар “Имрӯз” ва истеъфои Орзу Исоев
Дар пайи барканории Рустами Ҷонӣ аз мақоми раҳбари ширкати “Ориёно-Медиа” пахши ҳадисҳои Муҳаммад (с), паёмбари Ислом, дар Радиои Имрӯз қатъ шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз “Имрӯз” ба шарти ифшо нашудани номаш хабар дод ва афзуд, инчунин, аксар роликҳову барномаҳоеро, ки бо садои Рустами Ҷонӣ сабт шудаанд, аз пахш гирифтаанд.
Орзу Исоев, муаллифи барномаи “Баҳси Имрӯз”, низ аризаи аз кор рафтанашро ба Худоёри Валӣ, раҳбари тозатаъини “Ориёно-Медиа”, ки шомили радиои “Ориёно” ва “Имрӯз” мебошад, супоридааст. Ҳарчанд ба ӯ гуфтаанд, метавонад корашро идома диҳад ва ба аризааш имзо нахоҳанд гузошт, Исоев гуфтааст, дигар имкони монданро надорад.
Ӯ чунин тасмимгирияшро ба бе далел барканор шудани Рустами Ҷонӣ рабт додааст. Исоев тайи чанд моҳи охир бо ташкили барномаи “Баҳси Имрӯз” мавзӯъҳои муҳиму доғи рӯз, аз қабили хидмати сарбозӣ, ҷои кор, тиҷорати пирамидавӣ ва ахлоқи ҷомеаро ба баррасӣ гирифта буд.
Рӯзи 11 августи соли ҷорӣ Рустами Ҷонӣ аз раҳбарии ширкати “Ориёно-Медиа”, ки ба Ҳасан Асадуллозода, раҳбари “Ориёнбонк” ва додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон марбут дониста мешавад, барканор ва ба ҷои ӯ Худоёри Валӣ, сармуҳаррири пешини радиои “Садои Душанбе” таъин гардид.
Рустами Ҷонӣ тайи тақрибан даҳ соли охир, шуруъ аз "Русское Радио-Ориёно" то "Радиои Имрӯз"-у таъсиси нашрияи "ИмрӯзNews" ба ҳайси мудири "Ориёно Медиа" фаъолият дошт. Ӯ то замони омаданаш ба медиа-ҳолдинги Ҳасан Асадуллозода дар Радиои Ватан ва аз он пештар дар Телевизиону Радиои Тоҷикистон кор мекард. Рустами Ҷонӣ муассиси "ИмрӯзNews" нахустин нашрияест, ки ҳар рӯзи корӣ, аз душанбе то ҷумъа, нашр мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |