Душанбе ворид шудани 2,7 миллиард $ ба ҳисоби Бобак Занҷониро рад кард
Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон ҳарфҳои вазири нафти Эрон дар мавриди интиқоли 2 миллиарду 700 миллион доллар пули кишвараш ба ҳисоби қалбакии Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистонро бе асос донист. Зеро, мегӯяд Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилоти қарзии тобеи Бобак Занҷонӣ, яъне “Конт”, дар он давра ва то ҳанӯз таҳти таҳримҳои байналмилалӣ қарор доштааст.
Дар изҳороти Бонки Миллии Тоҷикистон гуфта шудааст, “дар асоси эъломияи махсуси Вазорати молияи Амрико хизматрасонии интиқолҳо аз ҷониби ташкилоти мазкур ба созмонҳои қарзӣ дар Тоҷикистон дар асоси дастури махсуси Бонки миллӣ аз 2 августи соли 2013 боздошта шудааст”. Ба ин тартиб, ба иддаои масъулони Бонки Миллӣ “то ин вақт бо назардошти талаботи таҳримҳо ва дар асоси тафтиши мутахассисони бонк бо санадҳои Бонки миллии Тоҷикистон ин ташкилот аз ҳуқуқи кушодани филиал маҳрум карда шуда, амалиёти ҳисобҳои муросилотиаш дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ғайр аз пардохтҳои андоз ба буҷети давлатӣ манъ карда шудаанд”.
Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин, мегӯянд, дар мавриди интиқоли 2 миллиарду 700 миллион доллар ба ҳисоби Занҷонӣ дар Тоҷикистон иштибоҳе вуҷуд дошта бошад. “Зеро ҳайати Бонки марказии Эрон махсус барои таҳлили ин масъала ташриф оварда буданд, ки оид ба мавҷуд набудан ва интиқол нагардидани маблағҳои зикршуда боварӣ ҳосил намуданд”,-омадааст дар изҳороти онҳо.
Бежан Номдор Зангина, вазири нафти Эрон, ки рӯзи 12 августи соли ҷорӣ дар як барномаи иқтисодӣ дар телевизиони Ҷумҳурии Исломӣ суҳбат мекард, аз интиқол ёфтани 2 миллиарду 700 миллион доллар пули кишвараш ба ҳисоби қалбакии Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшуда, дар Тоҷикистон хабар дод. Ӯ гуфт, ин пул бо имзои чанд вазири ҳукумати пешин ба раҳбарии Маҳмуди Аҳмадинажод ва раиси кулли Бонки Марказии Эрон интиқол ёфтааст.
Вазири нафти Эрон афзуд, “Занҷонӣ дар Тоҷикистон ва сипас Малайзия бонке дуруст кард, ки маълум нашуд, чист ва чаро чунин риски бузург кардаанд”. Ӯ илова кард, “пайдост, ки дар ин кор танҳо набудааст, чун магар мешавад, як нафар ба танҳоӣ битавонад ин ҳама пулро бихӯрад, ҳар чӣ қадар ҳам одами заранге бошад?”
Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро расман рад кард ва Занҷониро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам намуд.
Номи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ замоне дар Тоҷикистон маъруф ва дар сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор гирифт, ки сармояҳои ӯ вориди Душанбе шуд. Дар Тоҷикистон ҳоло ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспресс”, соҳиби нави автовокзали пойтахт ва бонки “Kont Investment Bank”, ки қароргоҳаш дар Душанбе мебошад, ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |