Вазир: Афғонистон ба ширкати Туркманистон дар барқарорсозии сулҳ баҳои баланд медиҳад
Муҳаммад Шокир Коргар, вазири саноат ва савдои Афғонистон гуфтааст, кишвараш ба ширкати Туркманистон дар барқарорсозии сулҳ дар ҷумҳурии исломӣ баҳои баланд медиҳад. Ин нуктаро ӯ зимни як мулоқот дар Вазорати умури хориҷии Туркманистон изҳор доштааст.
Дафтари матбуотии ВУХ-и Туркманистон гуфтааст, дар ҷараёни ин мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносиботи дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, нақлиёту иртибот ва энержӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. “Барои кӯмакҳои пайвастаи Туркманистон ҷиҳати барқарорсозии Афғонистон, сидқат изҳори сипос мекунем. Мо ба иштироки Туркманистон дар таҳким, барқарорсозии сулҳ ва зиндагии шоистаи Афғонистон баҳои баланд медиҳем”,-илова кардааст Коргар.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |