Задухӯрди амниятиҳо ва ҳалокати Салом Юсуф дар марз бо Афғонистон
Дар пайи задухӯрд миёни мақомоти амниятии Тоҷикистон ва ду қочоқбари афғон дар Шӯрообод як тани онҳо ҷон бохтааст. Як манбаъ аз Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шӯрообод ба “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса шаби 11 ба 12 августи соли ҷорӣ дар яке аз мавзеъҳои ҷамоати деҳоти Даштиҷум иттифоқ уфтодааст.
«Ҳангоми задухӯрд як қочоқбари афғон бо номи Салом Юсуф ба ҳалокат расида, ҳамроҳаш ба самти Афғонистон гурехт. Аз онҳо ба миқдори 13 кило маводи мухаддир дарёфту мусодира гардид. Аз ҷониби Тоҷикистон касе зарар надидааст»,-афзуд манбаъ. Ба қавли мусоҳиби мо, ин ду қочоқбари афғон ба амри мақомоти тоҷик итоат накарда, баръакс, муқобилият нишон додаанд.
Манбаи мо аз Шуъбаи умури дохилии Шӯрообод мегӯяд, ҳоло ҷониби Тоҷикистон ҷасади Салом Юсуфро ба мақомоти Афғонистон супурдаанд. «Маълум гардидааст, ки Салом Юсуф ба сӯи мақомоти Тоҷикистон 13 тир холӣ кардааст”,-афзуд ӯ.
Инчунин, мақомоти қудратии Тоҷикистон рӯзи 11 август 6 афғони дигарро аз наздикиҳои мазори Баҳораки Шӯрообод боздошт намудаанд, ки қасд доштаанд, сарҳадро ғайриқонунӣ убур намоянд. Ба гуфтаи манбаъ, ин 6 афғони дастгиршуда феълан дар Шуъбаи умури дохилии Шӯрообод нигоҳдорӣ мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |