Бахшҳо

“Ҷумҳурият”, Сироҷиддин Аслов ва ҳимояти Тоҷикистон аз Фаластин

Нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон иддао дар бораи хомӯшии Душанбе дар мавриди қазияи Фаластинро бепоя донистааст. “Ҷумҳурият” дар шумораи 160-и худ гуфтааст, “ҳукумати Тоҷикистон алакай дар оғози буҳрони нави муносибатҳои Исроилу Фаластин мавқеи худро дақиқ изҳор дошта буд”.

Нашрия дар идома аз нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки 18-19 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Ҷидда баргузор шуда буд, ёдоварӣ намудааст. Он вақт, ба навиштаи “Ҷумҳурият”, Сироҷиддин Аслов -- вазири умури хориҷии Тоҷикистон мавқеи ҷумҳуриро нисбат ба ин масъала чунин баён кардааст: “Мо халқи бародар ва давлати Фаластинро дар роҳи талошҳояш баҳри пайдо кардани ҷойгоҳи шоиста дар иттиҳоди миллатҳо ҳамчун узви комилҳуқуқ дастгирӣ мекунем. Мо ҳамчунон сулҳу оштиро байни гурӯҳҳои фаластинӣ меписандем ва рушди ҳамаҷонибаи ҳукумати ягонаи миллии Фаластинро таманно дорем”.

Инчунин, таъкид шудааст, “Тоҷикистон дар Маҷмааи кулли Созмони Милал барои баррасии муроҷиатномаи Фаластин баҳри узвияташ дар СММ раъй дода буд ва ҳиссаи хешро дар қабули кишвар ҳамчун давлати назоратчӣ дар ин созмони бонуфуз гузоштааст”. Ин матлаби “Ҷумҳурият” дар вокуниш ба ҳарфҳои Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон навишта шудааст, ки аз сукути мақомоти тоҷик дар баробари ҳамлаи нерӯҳои Исроил ба навори Ғазза интиқод карда буд. Ин нашрияи расмии ҳукумат бо ёдоварӣ аз мавқеи Тоҷикистон нисбат ба Фаластин мегӯяд, “ана, ин аст дастгирии воқеӣ дар баробари суханбозиҳои бефоида ва риёкоронае, ки аз забони Кабирию ӯ барин манфиатхоҳон бурун меоянд”.

Нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон дар идома таъкид кардааст, “то даме худсариҳои Исроил аз сӯи давлатҳои абарқудрат нодида гирифта мешаваду ҳаракати муқовимати исломии Фаластин – Ҳамос аз нерӯҳое чун хоҷагони ҲНИТ дастгирии моддию низомӣ меёбад, Фаластин месӯзаду мардуми бегуноҳаш кушта хоҳанд шуд”. Дар охир муаллифи матлаби Ҷумҳурият ишора кардааст, ин баёнияву муроҷиати Муҳиддин Кабирӣ аз рӯйи саҳифаҳои чанд ҳафтаномаю агентии сатҳи маҳаллӣ дуртар намераваду манфиате ҳам гӯиё надоштааст.
Мӯҳр
123
Ман хеч бовари надоштам, ки ин хукумати мо тарафи Хамосро гирад. Ва дар охири макола ба худ тасдик кардам

Тоҷик
Нағма-шоуҳои ҷумҳурият раиси фабрикаи туҳмат

Валй
Сад дар сад рост аст! Исроил худро хамчун давлати худсару фашист нишон дод ва шоистаи махкум аст, аммо Хаммос низ бояд чавобгари ин хама бадбахтихои мардуми оддии Фаластин бошад!

Андарз аз Шугнон
Хай дастгири карден бад чи, бояд хатман дод задан лозим ай,ки ана ман ин кора кардам. Шумо барои таскини дил мекунел ёри ё барои нишон додани шахсияти худтон. Хох Кабрири бошад хох хукмати.Халки Фаластину Исроил худшон скари як андеша набиён ин дасгирихои мо бехудаай. Ин кадар дастгири кардем мегун чи шуд окибатуш. Хеч кира гуш накарда, ба хости худшон кор карда иастодад-ку....

асСфох
ТО кунун хама санги маломат мезадем,ки хукумат хомуш аст чун мавкеи аслиро баён кард,ки мехостем боз писандамон нашуд????

вақтеки кабири сухан мегуяду ба мисли шумо амал намекард манфиат надошт шумон суханкати хам аз бародарони фалас тин химоят накардед то хамон вактеки хочагонатон дастур надоданд хатто дар масчидхо дуъохам накаркарданд

Абдуллох
Ана инро мегуяд "силсила афсонахои холаи кумри" суханхои сирочидин аслов " хам лаъл ба даст ояду хам ëр (исроил)наранчад"-ро ба хотир меорад.

Бехруз
Фаластин ва Исроил хар ду давлати комилхукуки чомеаи чахони хастанд ва набояд, ба чунин хатоги рох диханд. Аз ин ру давлатхои дигарро зарур аст, ки хар чи зудтар онхоро ба сулх биоранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)