Ноиби сардори пулис хабарнигори “Tojnews”-ро ба додгоҳ кашид
Зафар Суфиев, муовини сардори Шуъбаи умури дохилии шаҳри Хуҷанд, Қамари Аҳрор -- хабарнигори маҳаллии Оҷонси иттилотии “Тоҷнюз” ва нашрияи “Нигоҳ”-ро барои итоат накарданаш ба амри пулис ба додгоҳ кашидааст. Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи тоҷик, гуфт, алайҳи Қамари Аҳрор бар асоси моддаи 479-и Кодекси маъмурӣ парванда боз шудааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Қамари Аҳрор аз болои Зафар Суфиев ба додситонии шаҳри Хуҷанд шикоят бурда буд. Ин хабарнигор дар аризаи шикоятии худ ба унвони Қурбон Мирзозода – додситони шаҳри Хуҷанд гуфтааст, кормандони пулис, аз ҷумла Зафар Суфиев - муовини сардори Шуъбаи умури дохилии шаҳри Хуҷанд ҳангоми иҷрои фаъолияти касбияш ба ӯ монеа эҷод карда, ҳуқуқашро поймол кардаанд.
Қамари Аҳрор шоми 6 августи соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулиси шаҳри Хуҷанд боздошт шуда, баъд аз навиштани як баёнот озод гардид. Аҳрор он замон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, ӯ дар ҳоле боздошт гардид, ки ҷараёни мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарёфти ҷоизаи ба номи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ -- Исмоил Ҳамзаалиев дар Хуҷандро наворбардорӣ мекард.
Қамари Аҳрор, яке аз хабарнигорони фаъол дар минтақаи шимоли Тоҷикистон аст, ки дар гузашта дар Радиои Озодӣ, Радиои Имрӯз ва нашрияи “Фараж” ҳам кор кардааст. Тайи як соли охир ӯ ба ҳайси хабарнигори Оҷонси иттилоотии Тоҷнюз ва ҳафтаномаи Нигоҳ дар Хуҷанд кор мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |