Аз Тоҷикистон берун кардани беш аз 20 шаҳрванди Хитой
Дар тӯли ҳафт моҳи аввали соли ҷорӣ 23 шаҳрванди Чин ё Хитой барои нақзи қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон аз кишвар ихроҷ шудаанд. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Идораи муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, гуфт, мақомот чиниҳоро бар асоси моддаи 499-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маҳкум кардаанд.
Оқои Қодирӣ иброз дошт, баъзе дигар аз шаҳрвандони Чин, ки дар кишвар бидуни иҷозаи расмӣ машғули кору будаанд, ҷаримабандӣ шудаанд. “Дар ин ҷо аз моддаи 138-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кор гирифтаанд. Тибқи ин модда, агар шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бетабаа дар қаламрави Тоҷикистон бидуни иҷозатномаи махсус кор кунад, ӯро аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (800-1200 сомонӣ) ҷарима мекунанд”,-гуфт ӯ.
Номбурда аз ғайрирасмӣ фаъолият доштани бархе аз шаҳрвандони хориҷӣ дар вилояти Хатлон низ хабар дод ва афзуд, Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа то кунун нисбат ба 48 шаҳрванди хориҷӣ парванда маъмурӣ таҳия кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |