Хавфи вазир аз вуруди ҷангиён аз Сурияву Африқои Шимолӣ ба Тоҷикистону Русия
Владимир Колоколсев, вазири умури дохилии Русия, хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистону талоши вуруди ҷангиён аз Сурия ва Африқои Шимолиро таҳдид ба амнияти Русияву Тоҷикистон унвон кардааст. Колоколсев ин нуктаро дар шаҳри Қайроққум, шимоли Тоҷикистон, ҳангоми ширкат дар ҷаласаи коллегияи вазоратҳои умури дохилии Русияву Тоҷикистон изҳор доштааст.
“Бо хуруҷи қисмати асосии нерӯҳои байналмилалии таъмини амният аз Афғонистон таъсири манфие пешбинӣ мешавад. Ҳамчунин, талоши ба Русия ва Тоҷикистон ворид шудани ҷангиёне, ки таҷрибаи террористиро дар Африқои Шимолӣ, Сурия ва дигар кишварҳои Ховари Миёна гирифтаанд, вуҷуд дорад”,-гуфтааст вазири умури дохилии Русия.
Ба қавли вазир, дар ҳоли ҳозир ду кишвар пайваста маълумоти фавриро ба якдигар ирсол мекунанд, ки тавассути он кормандони ВУД маҳалли будубоши аъзои гуруҳҳои террористӣ ва экстремистиро пайдо месозанд, аммо ҳанӯз ҳам кофӣ нест. Ин дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, соли гузашта мизони ошкорсозии ҷиноятҳо дар ин самт ба сеяк ва дар нимсолаи аввали соли 2014 ба 19 дар сад афзоиш ёфтааст.
Колоколсев таъкид кардааст, яке аз самтҳои асосии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Тоҷикистон муайян кардани ҷои лидер ва аъзои созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ аст. Ӯ аз боздошти Тош Болтаев, аъзои созмони байналмилалии террористӣ “Ҳизби исломии Туркистон” дар Маскав ёдоварӣ кардааст, ки баъдан ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ҳамчунин, ӯ қатъи фаъолияти ячейкаи “Ҳизб ут-таҳрир ал-Ислами” дар Санкт-Петербургро мисол овардааст, ки барои ҷалби шаҳрвандони Осиёи Марказӣ таъсис ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |