Бахшҳо
13 авг 2014 07:41Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

90-ҳо дар озмуни 90 идеяи беҳтарини рушди шаҳри Душанбе

Дар пойтахт озмуни “90 идеяи беҳтарини рушди шаҳри Душанбе” эълон шуд.

Торнамои мири пойтахт менависад, ин озмун ба ифтихори 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ва ҷиҳати иҷрои қарори раиси шаҳр “Дар бораи таҳияи Стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар солҳои 2015-2025” роҳандозӣ шудааст. Ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур миёни сокинони шаҳри Душанбе бо ҷалби институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ “ҷиҳати ба даст овардани идея ва ташаббусу таклифҳои созанда дар бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инфросохторӣ гузаронида мешавад”.

“Идея ё таклифи креативӣ бояд бо назардошти муҳиммиятнокӣ дар рушду нӯмуи шаҳр, реалистӣ, амалишаванда ва нишон додани роҳи татбиқи он қабул гардида, матни он на камтар аз 90 ҳарф ва на зиёда аз 90 калимаро дар бар гирад. Мӯҳлати гузаронидани озмун 90 рӯз буда, танҳо 90 идеяи дар навбати аввал ба озмун пешниҳодгардида қабул мешавад”,-менависад торнамои раиси шаҳр.

Барои идеяҳои беҳтарин, ҷойи аввал 500 сомонӣ, ҷойи дуюм 400 сомонӣ, ҷойи сеюм 300 сомонӣ, ҷойи чорум 200 сомонӣ ва барои 9 идеяи нисбатан беҳтари дигар - ҳар кадом 90 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар гардидааст. Идеяҳо ва пешниҳодҳои креативӣ тавассути манзили электронии 90ideya.dushanbe@mail.ru, паёмаки телефонӣ ба рақами (939) 21-90-90, сомонаҳои www.mometavonem.tj, www.bemiyonaravho.tj ва хаттӣ ба Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе қабул мешаванд.

“Ҳамаи 90 идеяи беҳтарин дар шакли китобча бо нишон додани муаллифи он нарш карда мешавад”,-илова кардааст dushanbe.tj. /size]
Мӯҳр
аслан озмун хам лозим нест. Идеяхои бехтарини рушди Душанбе ба хама маълуманд, шояд танхо ба хукумати Душанбе маълум нестанд. Масъалан:
- аз байн бурдани старексу тангемхо ва чори кардани автобусхо дар тамоми шахр. автобусхое ки аз руи график кор мекунанд ва танхо дар истгох меистанд. Хамчунин аз байн бурдани таксихои се сума.
- харидори намудани мошинхои партовбарори ва ба низоми муайян ба рох мондани онхо. Махкам кардани территорияи партовгоххо.
- хат кашидан ба кучахои шахр - на танхо дар назди чоррохахо ба хотири кори камера
аккалан хаминашро кунед, ба 90 даромадему холо хам акл надорем...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)