Бахшҳо

ВИДЕО: Ҳушдори вакили рус аз “оқибати нохуб”-и хулосаи Додгоҳи олии иқтисодӣ

Игор Серебряков, вакили мудофеи рус, ки аз ҳаққи моликони ширкати “Созидание”, марбут ба сарватманди маъруф -- Олег Дерипаска дар Тоҷикистон ҳимоят мекунад, гуфт, ҳукми Додгоҳи олии иқтисодии кишвар ба муносибати Душанбеву Маскав таъсир хоҳад гузошт. Ӯ аз ҳукми додгоҳ, ки “Созидание”-ро ба пардохти 322 миллион сомонӣ ҷарима ба Кумитаи андоз муваззаф кард, норизоятӣ намуда, онро ғайриқонунӣ номид.

Вакили мудофеи рус рӯзи 12 август дар сӯҳбат бо хабарнигорон афзуд, “ҳукми додгоҳ ҳатман таъсири худро ба равобити ду кишвар мерасонад. Ман ин нуктаро дар мурофиаи гузашта низ гуфтам. Инчунин, таваҷҷуҳи сармоягузорон ба Тоҷикистон камтар хоҳад шуд”. Ӯ рӯзи 11 августи соли ҷорӣ дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон гуфта буд, “натиҷаи чунин муносибати Кумитаи андоз аст, ки имрӯз муҳоҷирон маҷбуранд, бо шиносномаи хориҷӣ ба Русия бираванд”.



Серебряков дар идома таъкид дошт, бинои “Созидание” ва меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и Душанбе бо мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмону Владимир Путин, раҳбарони Тоҷикистону Русия, бунёд шуда, дар сурати пеш омадани мушкил дар кори онҳо фазои сармоягузории Тоҷикистон бадтар хоҳад шуд. Ӯ дар идома афзуд, онҳо аз болои ҳукми Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шикоят бурда, бознигарияшро талаб хоҳанд кард. “Ҳар вақте матни пурраи ҳукми додгоҳро гирифтем, шикоят хоҳем бурд. Умед дорем, раёсати Додгоҳи олии иқтисодӣ шикояти моро қонеъ мекунад. Муҳлати бурдани шикоят 6 моҳ аст, аммо кӯшиш мекунем, дар вақти кӯтоҳ онро омода кунем”,-таъкид дошт вакили рус.

Адвокати рус, инчунин, гуфт, онҳо бо хулосаи додгоҳҳои Тоҷикистон қаноат накарда, ба додгоҳҳои байналмилалӣ муроҷиат хоҳанд кард.

Баҳси додгоҳии “Созидание”, соҳиби меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency ва маркази “Созидание” дар Душанбест, ба дунболи даъвои Кумитаи андози Тоҷикистон сурат гирифт, ки ин ширкатро барои пинҳон кардани молиёт 322 миллион сомонӣ ҷарима кард. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз, қаблан дар як номаи худ ба муовини нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидзода гуфта буд, агар лозим шавад, маҷбурӣ ин миқдор маблағро ба фоидаи буҷет хоҳанд рӯёнд.
Мӯҳр
ин адвокат сиесатмадор будааст ку..на хукукдон....боз моро метарсонад бо хулосахои кучаки бесаводаш...налога супур дам гир. адвокат

Dev
Baroi man az in burdu boht foidae nest, parvo ham nadoram, vale biser mehoham,ki hukumati RT ba hama kor ustuvor boshad, koteona bo bovari va bo dalelhoi ustuvoru kati ba majdon daroyad.Vale dilam az in hukumat sardi sard ast, pas az "sud kardani" havonavardoni rus dar Kurgonteppa.

Найсон
То ба кай акун и русхо мора тарсонидан мегиранд? Пишакшона пиш наген, ки вазнинтон меафтад. Инчая Точикистон мегуян, так что аз худ наравен!!!!!! (ба фикрам ягон урус навиштагии мана мехондагист))))

5
Ба умеди 2 танга шуда хаети млнхо одинахоро дар хатар нагузорен дурусттар фикр кунен.

Инхоро Агар пишакашро пиш гуфти аз гиребони мухочир мекапан. Бо шиносномаи хоричи рафтан ба руссия ин на факат барои точикистон барои хаммаи СНГ. Агар як мухочир ду руз патенташро дер мупорад ментхои Москва тарсонда 1000 рублашро мегирад. гуфтаниямки натарсед дар тч хечкас аз гушнаги намемурад устуворбошед макомоти андоз

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)