Гардиши ғайричашмдошт дар "дело"-и Намр Боқир Аннамр
Эълони ҳукми додгоҳ алайҳи шайх Намр Боқир Аннамр – донишманди шиамазҳаби боздоштшудаи Арабистони Саудӣ, ки дар таҳрики сокинон ба ҷудоихоҳӣ муттаҳам мешавад, ба таъхир афтодааст.
Дафтари матбуоти додгоҳи шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар ин бора хабар дода, гуфтааст, охирҳои моҳи августи соли ҷорӣ ҳукми додгоҳ алайҳи Аннамр хонда мешавад. Вале манбаъ дар мавриди санаи дақиқи ин рӯз чизе зикр накардааст.
Ба вақти номаълум ба таъхири афтодани эълони ҳукми додгоҳ алайҳи Аннамр дар ҳолест, ки қарор буд, имрӯз 12 август он хонда шавад. Аз сӯи дигар, бархе аз созмонҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аз шоҳи Арабистони Сауидӣ – Абдуллоҳ ибн Абдулазиз раҳоии шайхро хоҳиш кардаанд.
Намр Боқир Аннамр шоми 8 июли соли 2012 дар наздикии хонааш дар минтақаи ба ном “Қатиф”-и Арабистони Саудӣ аз сӯи кормандони амниятии ин кишвар боздошт шуда буд. Мақомоти Саудӣ Аннамро дар барангехтани фитна ва таҳрики пайравони мазҳаби шиа дар ин кишвар ба хотири ҷудоӣ аз ҳукумати марказӣ муттаҳам менамоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |