ВИДЕО: Эътироз ба ҳукми 7 нафаре, ки қасди таркондани ТАЛКО-ро доштаанд
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳафт сокини шаҳри Турсунзодаро, ки қасди таркондани ТАЛКО, корхонаи алюминиюми тоҷикро, доштаанд, аз 18 то 22 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Бар асоси ҳукми додгоҳ, Тӯрабой Равшанову Абдуллоҷон Раҳимов 22-солӣ, Аскаралӣ Бӯриев, Азамат Абдуллоев ва Умар Урмонов 20-солӣ, Аҳмадҷон Маҷидову Толиб Шодиев 18-солӣ равонаи зиндон шуданд. Ҳукми додгоҳ баъд аз зуҳри 12 августи соли ҷорӣ эълон ва ин ҳафт сокини Турсунзода барои бандитизм, даъвати оммавӣ бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсонӣ, ташкили созмонҳои экстримистӣ-ифротгароӣ, терроризм, доштан ва интиқоли яроқ, гирифта гаштани аслиҳа, моддаҳои тарканда, қочоқ ва дуздиву авбошӣ гунаҳкор шинохта шуданд.
Маҳмадалӣ Абдулҳақов, додраси парванда, гуфт, ин афрод маводи тарканда ва силоҳи оташфишонро аз роҳи қочоқ ба даст оварда, ҳадаф доштаанд, дар корхонаи алюминиюми тоҷик, додситонӣ, додгоҳ ва шӯъбаи умури дохиливу ҳукумати шаҳри Турсунзода таркиш намоянд. Аммо наздикони афроди муттаҳам ин ҳукми Додгоҳи олиро ноодилона ва бераҳмона хонда, аз додрас талаб карданд, то қазияи фарзандонашонро аз нав ба баррасӣ бигирад.
Бародари Азамат Абдуллоев, яке аз маҳкумшудагон, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, қаблан медонист, ки додгоҳ нисбат ба бародараш ҳукми ноодилона мебарорад ва аз ин рӯ барои додхоҳӣ ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ нома навиштааст. “Аммо то ҳол аз дастгоҳ посухе нагирифтаам”,-афзуд ӯ. Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Толиб Шодиев, ки нафари таҳти ҳимояташ ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст, аз қарори додгоҳ изҳори норозигӣ намуд ва гуфт, “аз болои ин ҳукм шикояти кассатсионӣ мебарем”.
Мурофиаи додгоҳии ин ҳафт сокини шаҳри Турсунзода як моҳи қабл шуруъ шуда, айбдоркунандаи давлатӣ ё намояндаи додситонӣ барои онҳо аз 11 то 25 соли зиндонро талаб карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |