Барканории Абдусалим Ҷӯраев барои тоза накардани 'мусор'-ҳо
Абдусалим Ҷӯраев, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, аз мақомаш сабукдӯш гардидааст. Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе мегӯяд, далели барканории оқои Ҷӯраев “таъмин накардани назорати дахлдор оид ба барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳр” будааст.
Барканории Абдусалим Ҷӯраев дар ҳоле иттифоқ уфтодааст, ки дар фасли гармои имсола бештари сокинон аз ҷамъ шудани партовҳо дар назди манозилашон интиқод карда, аксҳои зиёде ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида буд. Ҳоло шаҳрдорӣ нагуфтааст, ба ҷои Ҷӯраев киро сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти пойтахт таъин кардаанд.
Вале Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи ихтисосие, ки рӯзи нуҳуми августи соли ҷорӣ баргузор шуд, дар робита ба масъалаи ободӣ ва зебоии пойтахт изҳори норозигӣ карда, аз тамоми раҳбарони ноҳияҳо ва маҳаллаву корхонаҳо хостааст, фаъолияташонро бознигарӣ намоянд. Ӯ талаб кардааст, онҳо ҳамарӯза соати 18:30 нисбат ба корҳои анҷомдодаашон ба раиси шаҳри гузориш бидиҳанд.
Роҳбарони 16 меҳмонхонаи давлатию хусусӣ ва кулли бозорҳои шаҳр муваззаф гардидаанд, ҳолати санитарию экологиро ба низом дароварда, дар остонаи ҷашни истиқлол, ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шнгҳой ва 90-солагии пойтахт барои қабули меҳмонон омода бошанд.
Дар ин ҷаласа Рустам Баротов раҳбари нави корхонаи воҳиди давлатии “Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия” ва Давлатманд Саидов директори нави “Бозори Саховат” таъин гардидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |