Бахшҳо
12 авг 2014 10:05Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Вазир: “2,7 млрд. $ ба ҳисоби Занҷонӣ дар Тоҷикистон гузаштааст”

Бежан Номдор Зангина, вазири нафти Эрон, ки субҳи сешанбеи 12 август дар як барномаи иқтисодӣ дар телевизиони Ҷумҳурии Исломӣ суҳбат мекард, аз интиқол ёфтани 2 миллиарду 700 миллион доллар пули кишвараш ба ҳисоби қалбакии Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон хабар дод. Ӯ гуфт, ин пул бо имзои чанд вазири ҳукумати пешин ба раҳбарии Маҳмуди Аҳмадинажод ва раиси кулли Бонки Марказии Эрон интиқол ёфтааст.

Вазири нафти Эрон афзуд, “Занҷонӣ дар Тоҷикистон ва сипас Малайзия бонке дуруст кард, ки маълум нашуд, чист ва чаро чунин риски бузург кардаанд”. Ӯ илова кард, “пайдост, ки дар ин кор танҳо набудааст, чун магар мешавад, як нафар ба танҳоӣ битавонад ин ҳама пулро бихӯрад, ҳар чӣ қадар ҳам одами заранге бошад?”

Зангина бо баёни ин ки иддае ҳамчун Бобак Занҷонӣ дар давраи раёсати Аҳмадинажод пули нафт ва кишварро бурадаанду ҳозир нестанд, онро пас диҳанд, гуфт, “мизони амволи Бобак Занҷонӣ бисёр камтар аз бидеҳии 8 миллиард туманӣ аст, ки ӯ ба давлат дорад”. Вазири нафти Ҷумҳурии Исломӣ бахши асосии ин қарзи Занҷониро марбут ба нафти хоме донист, ки ба ӯ дода будаанд, то дар хориҷ бифурӯшад, вале ҳаргиз пули онро ба ҳисоби давлат ворид накардааст.

Вазир: “2,7 млрд. $ ба ҳисоби Занҷонӣ дар Тоҷикистон гузаштааст”Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро расман рад кард ва Занҷониро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам намуд.

Номи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ замоне дар Тоҷикистон маъруф ва дар сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор гирифт, ки сармояҳои ӯ вориди Душанбе шуд. Дар Тоҷикистон ҳоло ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспресс”, соҳиби нави автовокзали пойтахт ва бонки “Kont Investment Bank”, ки қароргоҳаш дар Душанбе мебошад, ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд.
Мӯҳр
Чам
Натичаи ба Точикистон наомадану муносибати хуб накрдан ва хато давоми як сол сафир таъин накардани президенти Эрон, Хасан Рухони ана хамин муфтхурии чониби Точикистон ва дар карз гута задани Барки Точик дар назди Сангтуда-2 мебошад.
Шумо бинед, ки президенти собик, Махмуди Ахмадинажот чи гуна муносибат дошту Рухони чигуна аст.

Aks
Hamkasboni giromi aksi Zarifi injo durust va mardonagi nest
Khohish mekunem...................................

охооооооооооо, маишатхо зур ку, давомаш кани?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)