Раҳмон ба Рӯҳонӣ: “Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун!”
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли як нома ба унвони ҳамтои эрониаш – Ҳасан Рӯҳонӣ дар робита ба суқути ҳавопаймои “АН-140”, ки беш аз 40 қурбонӣ бар ҷой гузошт, ҳамдардӣ баён кардааст.
Дар номаи Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳасан Рӯҳонӣ, гуфта шудааст: “Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун! Ҷаноби Олӣ, хабари суқути ҳавопаймо дар наздикиҳои фурудгоҳи Меҳрободи шаҳри Теҳрон, ки боиси ҳалокати даҳҳо шаҳрвандони Эрон гардид, моро сахт андӯҳгин намуд.” Дар идома раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамтои эронии худ хостааст, ҳамдардии сокинони кишварро ба наздикони фавтидагон расонад.
Ҳавопаймои “АН-140”-и ширкати ҳавопаймоии Sepahan Airlines ҳангоми парвоз аз фурудгоҳи “Меҳробод”-и шаҳри Теҳрони Эрон ба шаҳри Табас ба садама дучор шуда, ба замин сарорез гардидааст. Дар пайи ин ҳодиса 48 нафар мусофир ва аъзои экипажи он ба ҳалокат расида, бар асоси гузориши расонаҳои эронӣ танҳо 9 нафар ҷон ба саломат бурдаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |