Бахшҳо
11 авг 2014 14:10Тоҷикистон / Сиёсат

“Ҷангҷол”-и Шӯҳрат Қудратов, ШИЗО ва раҳоӣ баъд аз 5 рӯз

Шӯҳрат Қудратов, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва вакили Зайд Саидов – соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии ҳизби Тоҷикистони нав, баъд аз панҷ рӯзи дар утоқи ҷаримавӣ ё ШИЗО буданаш, дубора ба боздоштгоҳ оварда шудааст. Парвин Ализода, сухангӯи Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, гуфт, Қудратов баъд аз муноқиша бо нафаре, ки дар як утоқ нигоҳдорӣ мешуд, ба ШИЗО бурда шудааст.

“Аз рӯи низомномаи зиндону боздоштгоҳ, вақте ду боздоштшуда ва ё маҳкумшуда бо ҳам ҷангу муноқиша мекунанд, ҳамчун ҷазо ба утоқи ҷаримавӣ бурда мешаванд. Қудратов ҳам муноқиша кардааст ва ба ШИЗО бурда шуд. Аммо ҳоло раҳо шудааст, дар утоқи одист. Рӯзи шанбе аз он ҷо бароварда буданд”,-гуфт Ализода.

Шӯҳрат Қудратов дар оғози моҳи июли соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон боздошт шуда, бо қарори Додгоҳи Фирдавсии пойтахт тӯли ду моҳ дар боздоштгоҳи муваққат мемонад. Оҷонсӣ ӯро барои пешниҳоди пора ба яке аз додрасҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муттуҳам медонад ва Абдуфаттоҳи Ғоиб, раҳбари ин ниҳод дар нишасти ахири матбуотяиш гуфта буд, дар сурати таъйиди ин иттиҳом Қудратов аз 5 то 10 сол зиндонӣ хоҳад шуд.

Ин боздошти Қудратов дар ҳоле сурат гирифта, ки ӯ тайи бештар аз як соли охир аз ҳуқуқи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии ҳизби Тоҷикистони нав дар додгоҳ ҳимоят мекард. Вай ҳамагӣ як ҳафта пеш аз боздошташ бо як номаи 21-саҳифаӣ ба парлумону ҳукумат, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои кишварҳои хорифӣ дар Тоҷикистон муроҷиат карда, парвандаҳои Зайд Саидовро беасос ва сиёсӣ хонда буд.

Ҳоло аз ҳуқуқи Шӯҳрат Қудратов Раҳматилло Зоиров – раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва раҳбари Консорсиюми юридикӣ, инчунин, Исҳоқ Табаров, яке аз ҳамкорони ӯ ҳимоят мекунанд. Раҳматилло Зоиров мегӯяд, бештар аз як ҳафта мешавад, ки бо муфаттишони оҷонсии зидди фасоди молӣ дар масъалаи Шӯҳрат Қудратов суҳбат карда наметавонад ва намедонад, нафари таҳти ҳимояташ дар чӣ вазъе қарор дорад.
Мӯҳр
Элчи
Ин Шухрат табиатан бахсу мунокишаро дуст медоштааст дия. Наход ки ду кас дар як кулбаи гам забон наёбед. Ба хар хол, ту боз адвокати.

Хукукшинос
боварии комил дорам ки Шухратро провокация кардаанд то ба ШИЗО баранд ва рухияашро шикананд ба Шухрат сабр мехохем

и это специально подстроили, чтобы очернить Шухрата. Шухрат ччестный и добропорядочный человек .

Элчи, сокамерникаш значить бузи макомот аст, Шухрат дарк карда чанчол кардааст. Инхо савод надоранд ва хама корашон бо воситаи бузхо.

Элчи,

муҳрарам Элчибой!!!!. инро фаромуш накун,ки на ҳамаи ононе,ки дар ин кулбаи ғам мебошанд ҷабрдида ҳастанд, балки мутаасифона бисёрашон БУЗ ҳастанд,ки аз нафари ҷабрдидаи дигар гап мегиранду дар боло БУЗИ мекунанд.ҷаноби Қудратов фикр мекунам инхели БУЗҲО-ро мешиносаду мумкин насиҳаташ карда бошаду вай БУЗ нафаҳмида бошаду варианти Б-ро пеш гирифта аст,ки ин ҳамин роҳи баҳсу задану задан асту ..........................

гулруз
бо нафаре, ки дар як утоқ нигоҳдорӣ мешуд

оё ин НАФАР бисёр махфи аст.чаро ному насабаш нест ё одами худи бошад???

Озод
Барои пешниходи пора 5-10 сол? ин чи гап аст.агар пора дода бошад 50-100сол медодаанд-дия. чаро ки буданаш маълум нест? е аз худи макомот хаст?

Шухрати бечора! Аз капааш буи дуд меояд.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)