Задухӯрд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳалокати як нафар
Шоми 9 август дар гузаргоҳи Тупакӯл, воқеъ дар ноҳияи Ҷиргатоли ҳаммарз бо Қирғизистон, миёни марзбонони Тоҷикистон ва як гуруҳи сенафарии мусаллаҳ задухӯрд ба миён омадааст.
Дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон такя ба ҳамтоёни тоҷики худ иттилоъ додааст, ки дар пайи ин задухӯрди мусаллаҳона ду нафар аз ин гуруҳ боздошт шуда, яке аз онҳо кушта шудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, марзбонони тоҷик гуфтаанд, ин се нафар ҳамагӣ шаҳрванди Қирғизистон буда, аз итоати онҳо сарпечӣ ва аз силоҳ кор гирифтаанд. Ин се нафар савори асп буда, бо худ силоҳи шикорӣ ва як дурбин доштанд.
Бар асоси гузориши ин ниҳод, ҳоло нафари ба қатл расида барои гузаронидани ташхиси тиббӣ ба мақомоти қирғиз супорида шуда, афроди боздоштшуда дар Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷиргатол нигаҳдорӣ мешаванд. Гуфта мешавад, тибқи натоиҷи тафтишоти пешакӣ ин сокинони Қирғизистон дар қаламрави Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба шикори ҳайвонот машғул будаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |