Туркманистон дар фикри таҳкими марзаш бо Афғонистон аст
Туркманистон қасд дорад, сарҳадаш бо давлати исломии Афғонистонро мустаҳкам намояд. Дар ин бора TDH хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, феълан дар мавриди коркарди низоми электронии назорати марзӣ тендер ҷараён дорад, ки дар он ширкатҳои “Airbus” ва “Thales”-и Фаронса иштирок доранд. Гуфта мешавад, ҳар дуи ин ширкатҳо маълумоти худро дар мавриди низомҳои пайгирӣ барои ҳамаи 744 километри марзи муштараки Туркманистону Афғонистон аллакай пешниҳод кардаанд. “Ба ҷуз нақшаи густариши стратегии постгоҳҳои марзӣ истифодаи аксҳои моҳвораӣ, ҳамчунин истифодаи густариши стансияҳои радиолокатсионӣ дар назар аст”,-хабар медиҳад манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |