Бахшҳо

Суол: “Ободиҳое, ки ҳукуматдорон мекунанд, аз кисаи худашон аст?”

Як хонандаи “Озодагон” дар робита ба “маслиҳат”-и Бонки ҷаҳонӣ барои истифода аз таппак дар фасли сармо ва ҳангоми камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон назари худро фиристодааст. Ӯ гуфтааст, барои кишваре, ки оби зиёд дораду 23 сол боз наметавонад, мардумашро бо нерӯи барқ таъмин кунад, чунин “маслиҳат”-ҳо шармандагист.

“Барқ надоранд. Корхона насохтаанд. Агар як кас даҳон кушояд, дарҳол мегӯянд, шукрона кунед. Шукронаи чӣ? Дар асри 20 оби гарм ҳам доштему барқи доимӣ ҳам. Аз ҳамаи чиз пур будем, Шумо чӣ кор кардед? Дар куҷое як корхона буд, оҳанпора кардеду фурӯхтед. Як парчам дуруст кардеду мегӯед, ободӣ аст. О, парчам ба кӣ даркор, вақте дар хонаам барқ нест, газ нест, оби гарм нест”,-омадааст дар номаи хонандаи “Озодагон”.

Ӯ дар идома хитоб ба мақомдорони тоҷик гуфтааст, корро аз Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури нав ва сарвазири пешини Туркия, биомӯзанд: “Барои чӣ Эрдуғон дар тӯли 11 соли қудратро дар даст доштанаш Туркияро аз як давлати қашшоқ ба пешрафтатарин давлати дунё табдил доду боре ба мардумаш миннат намекунад, ки шукрона намоед? Мардумаш баромада эътироз мекунанд, онҳоро намекушад. Дар ҳоле ки Туркия аз нигоҳи иқтисод дар ҷаҳон дар мақоми 115 буду ҳоло онро ба қатори 16 давлати мутараққии дунё расонидааст. Тамоми чизро истеҳсол мекунад, корхонаи истеҳсоли ҳавопаймову ракет ва танка дорад. Аммо ба мардумаш миннат намекунад. Чаро?”

Ин корбари “Озодагон” ба саволи додааш боз худ ҷавоб дода, афзудааст: “Барои он ки медонад, ин ҳама ободиҳои кардааш аз буҷаи давлат асту аз ҳисоби пули мардум мекунад. Магар ободиҳое, ки ҳукуматдорони мо мекунанд, аз кисаи худашон аст? Намедонам, шояд гумон мекунанд, ҳамаи он чизе, ки дар Тоҷикистон аст, моли онҳост ва касе ҳақ надорад, ба корашон дахолат намояд? Эй ҷанобон, ҳар чӣ қадар ҳаққе, ки Шумо дар ин давлату буҷа ҳақ доред, мо ҳам дорем. Он пул танҳо аз Шумо нест, ки як чиз бисозеду дар ҳол миннат кунед ва таблиғ намоед. Ягон корхонаеро мисол оред, ки дар давоми ин 23 соли охир таъсис ёфтаасту ҳазор ё ду ҳазор сокини кишварро бо ҷои кор таъмин кардааст. Баръакс, он корхонаҳое, ки як ҳазору ду ҳазор ҷои корӣ доштанд, ҳоло шумораи ҷойҳои корӣ дар онҳо ба 800 нафар расидааст”.

Дар номаи хонандаи “Озодагон” аз таблиғи пайвастаи ҳукуматдорон низинтиқод шудааст. Ӯ гуфтааст, чаро шабакаҳои телевизиони давлатӣ чаро боре аз камбудҳои худ ҳарфе намегӯянд. “Фақат сиёҳкунии чеҳраҳои мухолифи сиёсӣ ва таъқиби муллоҳо аст, гӯиё мо дигар мушкиле надорему ҳама ҷобаҷову бо кор таъмин аст. Агар сатҳи зиндагии мардум хуб шавад, ин мухолифин худ аз байн мераванд, чун ҳарфе дигар барои гуфтан намеёбанд”,-таъкид кардааст хонанда.
Мӯҳр
Ба мисле ки пурсиш гузаронда фикри тамоми Точикистонро иброз карда бошад (АХСАН БА ШУМО ХОЧИ)

Бин- Наср
Ба хаминаш хам шукрона, ки ПАРЧАМИ мо аз парчами Туркия баландтар аст.

Амир
БИСЁР ОЛИ ИН НАЗАРИ 99, 9 ФОИЗИ Точикистон аст. он 0,1 хмон "хонавода" аст

Камол
Беҳтарину воқеиятро дуруст ва аз руи адлу инсоф таҳлил карди, ҳамватан!

Ин чи гап худаш хаминам макола шуд хукумат аз киссаш мекунад аз дигарчо мекунад хай кардестай шукурона карда гаштангиред.

Октябрят
Туркхоя меросашон бисёр буд. Империя Усмони 700 сол моли дунёра чамъ кардаги буд. Мо чи мерос гирифтем аз гузашта. Гам нахур, охиста охиста хамааш мешавад.

Шукронаи ватане намои, ки дар он чо тенчай, ободай ва оромай. Агар Шумоён барин одамхо сари кудрат бирасанд, дар 5 дакика давлати обода (хонаи обода) вайрон мекунед.
Садкаи давлати точикон ва ин хел Президент шавед Шумо, бинед дар дигар давлатхо чи гапхо, чи корхо рафта истодааст, харобихо ва гуруснагихо, чангу горатгарихо. Умуман инхел бинем бандаи Худо табиатан ношук аст, мардум ношукри накунед.

Мурод
Бин- Наср,
э бародар парчами баланд ба ки даркор, вакте ки мардум нони хурдани надорад, ин парчам ба ки нон медихад?

Бин-Наср
Мурод. Парчами миллата ОРИЕНТИР гиру, сидкан хондау мехнат кардан даркор. Нон мешавад.

Мурод,Бародар рост аст хам вазифаро сохиб мешаванд хам моликияти давлатро бо изофанависи аз худ менамоянд хами дигар боз ба мардум таънаю маломат мекунанд, ки гуё онхо ободкору мардуми одди ношукри аз ободихо мекунанд.

э бродаро, ин парчам даркорай, як руз кашшоки шавад фурухта нон мехарем....тавба кардам.

дурандеш
Фикри 99.9% мардуми Точикистонро гуфтааст. ОФАРИН.Хазорхо бор офарин. Хамин калимаи "шукрона "ва "шукрона кунед",ба чонам зад. Дар давраи Шурави ,хамин калимат "шукрона" набуд,лекин ха а нагз зиндаги мекарданд.

Муъмин
Октябрят,
Косалес....

Ravshan
Мурод,
чавоб ба СОМОН

ту сомон садкаи чунин ном шав ту худ лаганбардору боз таги табакхури ки кадом мансабдори ? ! нокисакл ки набоши ин бародаре,ки номаро навиштааст алъон ин номаи тамоми мардуми сабрашон лабрезшудаи Точику Точикистонист безор шидем ай навистана

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)