Зиндон ё эъдом? Донишманди шиа дар интизори ҳукм
Додгоҳи шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ рӯзи 12 август ҳукми худ алайҳи шайх Намр Боқир Аннамр – донишманди шиамазҳаби боздоштшудаи ин кишварро эълон хоҳад кард.
Мақомоти Саудӣ Аннамро дар барангехтани фитна ва таҳрики пайравони мазҳаби шиа дар ин кишвар ба хотири ҷудоӣ аз ҳукумати марказӣ муттаҳам менамоянд. Ӯ шоми 8 июли соли 2012 дар наздикии хонааш дар минтақаи ба ном “Қатиф”-и Арабистони Саудӣ аз сӯи кормандони амниятии ин кишвар боздошт шудааст.
Мақомоти амниятии Арабистони Саудӣ баъд аз боздошт, шайхро дар ҳамла ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар айбдор карда, гуфтанд, гӯиё алайҳи кормандони амниятӣ аз силоҳ истифода карда, оташ кушодааст. Ба гуфтаи онҳо, ҳангоми боздошти шайх миёни ҳамроҳони ӯ ва ва кормандони амниятии Арабистони Саудӣ задухӯрди мусаллаҳона ба миён омада, дар натиҷа худи шайх аз пояш захм бардоштааст.
Эълони ҳукми додгоҳи Аннамр дар ҳолест, ки айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи ахир маҳкум ба эъдом шудани ӯро хостааст. Ин донишманди шиамазҳаби Арабистони Саудӣ дар гузашта низ ду бор, аз ҷумла моҳи августи соли 2008 аз сӯи маъмурони амниятии ин кишвар боздошт шуда буд. Он замон мақомоти Саудӣ далели боздошти ӯро низ барангехтани фитна ва таҳрики шиамазҳабони минтақаи шарқии ин кишвар гуфта буданд.
Шайх Намр Боқир Аннамр 46 сол дошта, зодаи ноҳияи Қатифи Арабистони Саудӣ мебошад. Таълимоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтаасту соли 1989 барои ошноӣ бо Инқилоби исломӣ ва таҳсилоти ҳавзаӣ ба Эрон ҳиҷрат мекунад. Ӯ баъд аз 10 соли таҳсил дар ҳавзаи илмии ба номи Қоими Эрон озими Сурия шуда, таҳсили худро дар ҳавзаи илмии ба ном Зайнаби ин кишвар идома медиҳад. Баъд аз чанд соли таҳсил дар марказҳои мазҳабии аҳли ташайюъ ба ватан баргашта, маркази мазҳабиеро бо номи “ал-Имом ал-қоим” дар маҳаллаи маъруф ба номи “Авомия” дар Арабистони Саудӣ таъсис медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |