Пирӯзии Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар интихоботи президентии Туркия
Раҷаб Таййиб Эрдуғон – нахуствазири пешини Туркия дар интихоботи раёсати ҷумҳури кишвараш ба рақибони худ пирӯз гардид. Ба иттилои Шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира”, раиси Кумисюни интихоботи Туркия гуфтааст, Эрдуғон дар интихоботи президентии кишвараш тавонистааст, аксарияти овозҳоро соҳиб шавад.
Дар ҳамин ҳол, шабакаҳои телевизионии Туркия низ аз пирӯзии Эрдуғон дар интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар хабар дода, гуфтаанд, ӯ раисиҷумҳури ин кишвар эълон гардид.
Ин дар ҳолест, ки натиҷаи назарсанҷиҳо ва таҳлили коршиносон ба пирӯзии нахуствазири пешини Туркия дар интихоботи президентии ин кишвар ишора карда буданд, ки дар он Амалуддин Эҳсон Уғлу – намояндаи мухолифин ва Салоҳуддин Дeмиртош – намояндаи туркҳо низ барои курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар талош доштанд.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки ҳоло 60 сол дорад, аз моҳи марти соли 2003 ба ин сӯ симати нахуствазирии кишварашро бар дӯш дошта, ҳамчун 36-умин нахуствазири Туркия интихоб шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |