Имзои созишномаи нав миёни Тоҷикистону Бунёди Оқохон
Миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Хадамоти Оқохон оид ба фарҳанг созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи осорхонаҳо ва бостоншиносӣ ба имзо расидааст.
Зери ин созишнома рӯзи 8 августи соли ҷорӣ Шамсиддин Орумбекзода – вазири фарҳанги Тоҷикистон ва Алӣ Акбар Песнани - намояндаи доимии Бунёди Оқохон оид ба рушд дар кишвар имзо гузоштаанд.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар идома барои саҳми Бунёди Оқохон дар мавриди тармим ва бозсозии Боғи марказии шаҳри Хоруғ, мазори Имом Зайналобиддин дар ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон, дастгирии маркази мусиқии “Ҳунар” дар шаҳри Хуҷанд, “Академияи мақом” дар Душанбе ва таъмири бархе аз марказҳои фарҳангии кишвар миннатдорӣ карда, гуфтааст, ҳанӯз барои ҳамкорӣ имкониятҳои зиёде вуҷуд доранд, ки аз онҳо ҳоло истифода нашудааст. “Ин созишнома имкон медиҳад, аз таҷрибаи Хадамоти Оқон оид ба фарҳанг дар арсаи байналмилалӣ мақоми назаррас дорад, истифода кунем”,-афзудааст Орумбекзода.
Намояндаи доимии Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон низ дар навбати худ аз сатҳи ҳамкории ин хадамот бо ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла вазорату муассисаҳои кишвар ибрози қаноатмандӣ карда, баён доштааст, “мо умедворем, созишномаи имзошуда барои мо имкони ба таври якҷоя иҷро кардани лоиҳаҳо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани фарҳанги қадимаву бойи миллати тоҷик кумак хоҳад кард.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |