Номаи як гуруҳ аз ҷавонони тоҷик ба ҳимоят аз мардуми Фаластин
Корбарони гуруҳи “Тарбияи имонӣ”-и шабакаи Фейсбук ва ҷавонони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо нашри номаи боз ҳимояти худ аз мардуми Фаластинро эълон карда, дар робита ба ҳаводиси ахири навори Ғазза ҳамдардӣ баён кардаанд.
Онҳо дар ин номаашон меҳру муҳаббати шаҳрвандони Тоҷикистон ба мардуми Фаластин, аз ҷумла ба сокинони Ғаззаро баён намуда, таъкид кардаанд, ки ҳарчанд амалан дар бари эшон қарор надоранд, вале ҳамеша дар дуои худ аз онҳо ном мегиранд. Дар ин номаи гуруҳи ҷавонони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик ба мардуми Фаластин, ки дар торнамои расмии раиси Иттиҳоди уламои исломии ҷаҳон – Юсуф Қарзовӣ низ бо забони арабӣ нашр гардид, аз ҷумла омадааст, “сокинони Тоҷикистон ҳамеша дар мусибати Шумо шарик буда, ҳар зулму истибдоде, ки болоятон раво дида мешавад, аз он ранҷ мебаранд. Аз рӯзҳои аввали ҳамлаҳои хунину ваҳшиёнаи нерӯҳои Исроил ба навори Ғазза мардуми Тоҷикистон худро бетараф нагирифта, ба даргоҳи Худованди бахшандаву меҳрубон алайҳи душманонатон, ки онҳоро душмани худ низ медонанд, дуо мекунанд”.
Ин гуруҳи ҷавонони кишвар дар идома изҳор доштаанд, мардуми Фаластин, аз ҷумла сокинони навори Ғазза бо ин муборизаву истодагарии худ алайҳи нерӯҳои Исроил обрӯ ва мақоми миллати Исломро дар ҷаҳон боло бардоштанд.
Ин номаи бози корбарони гуруҳи “Тарбияи имонӣ” дар ҳолест, ки онҳо қаблан низ бо навиштани чунин нома аз раҳбарияти Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар хоста буданд, дар эътироз ба ҳамлаҳои нерӯҳои Исроил ба навори Ғаззаи Фаластин садо баланд кунанд.
Дар номаи ин корбарони тоҷик ба унвони Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи дин аз ҷумла омада буд, “тақрибан тайи ду ҳафтаи ахир мардуми солҳо азияткашидаи Фаластин дар навори Ғазза аз тарафи режими ишғолгари Изроил мавриди ҳуҷум қарор гирифтаанд. Даҳҳо тифлакони маъсум, занони бечора ва пирамардону мардуми осоишта дар натиҷаи ин ҳуҷуми мусаллаҳонаи бераҳмона ҷони худро аз даст додаанд. Ғайр аз ин садҳо, бал ҳазорҳо нафар аз ин тӯпу туфанг захм бардошта, маҷрӯҳ гаштаанд. Ин амалиёти ваҳшиёна мардуми озоду огоҳу бедори мардуми ҷаҳонро ба пой хезонд ва дар аксар кишварҳо барои пуштибонӣ аз ин мардуми азиятдида барои тазоҳурот ба хиёбон рехтаанд.”Дар акс: Абдуллоҳ Оқилзода, яке аз муаллифони нома ба мардуми Фаластин
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |