Сешанбе, 1 Апрел 2025
КМИ: Довталабони курсии палатаи болоии парлумон ба 79 нафар расид
Теъдоди довталабони интихоботи намояндаҳои сенат (палатаи болоӣ)-и парлумони Қазоқистон ба 79 мерасад. Дар ин бора Владимир Фоос, муовини раҳбари Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон хабар додааст. “Аз 79 нафар 65 тан худпешбариянд. Миёни онҳо чор зан ҳам ҳаст”,-гуфтааст Фоос.
Муовини раҳбари Комиссияи марказии интихобот гуфтааст, чор довталаб депутатҳои амалкунандаанд: “33 тани дигар корманди мақомот, созмон ва муассисаҳои гуногуни давлатӣ, 28 нафар корманди ниҳодҳои тиҷоратӣ, 13 кас корманди илму фарҳанг ва тандурустӣ ҳастанд”. Ба ҳисоби миёна муддаиён 53 сол доранд, ҷавонтарини онҳо 37 ва солмандтаринашон 66-солаанд.
Интихоботи сенат 1 октябри соли 2014 баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |