Обама ба амалиёти нерӯҳои амрикоӣ алайҳи ҷангҷӯёни ДИИШ иҷоза дод
Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ба нерӯҳои ҳавоии кишвараш иҷоза додааст, алайҳи ҷангҷӯёни Ҳаракати “Давлати исломӣ дар Ироқу Шом” (ДИИШ) дар минтақаи шимолии Ироқ амалиёти низомӣ анҷом диҳанд.
Ӯ рӯзи 8 август дар Кохи Сафед гуфтааст, дипломатҳо ва мушовирони низомии Амрико дар сафоратхонаи ин кишвар дар шаҳри Ирбили Ироқ қарор доранду дар сурати ҳамла кардани ҷангҷӯёни ДИИШ алайҳи онҳо ҳамлаҳои низомӣ анҷом мешавад. Обама афзудааст, ҳоло замоне расидааст, ки Амрико ба доди ниёзмандони Ироқ расидагӣ кунад: “Мо наметавонем, ҳар чӣ дар Ироқ рух медиҳад, чашм пӯшему иҷоза диҳем, наслкушӣ сурат гирад.”
Шаҳри Ирбил дар шимоли Ироқ ҷойгир буда, дар он консулгарии Амрико қарор дораду ба иловаи дипломатҳои он афсарони низомии Вашингтон низ дар онҷо ҳузур доранд, ки омӯзиши нерӯҳои мусаллаҳи Бағдодро бар уҳда доранд.ф
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |