Бахшҳо
08 авг 2014 15:51Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Абдулқодирзода: “Дар ба дар гаштану гадоӣ кардан ҳаром аст”

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, гадоии нафаронеро, ки нерӯи корӣ доранд, аз нигоҳи Ислом ҳаром хонд. Ӯ рӯзи 8 август дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар намози ҷумъа гуфт, “вақте маъюб нестию аз дастат кор меояд, дар ба дари хона гаштану гадоӣ ё худ тамаъ кардан ҳаром аст.”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар дар шарҳи гуфтаҳояш афзуд, гадоӣ кардан барои инсон дар ҳоле ҷоиз аст, ки аз сабаби гуруснагӣ марг ба ӯ таҳдид дорад: “Дар ҳамин ҳолат низ ба қадре ҷоиз аст, ки аз гуруснагӣ раҳо ёбад. Ин маънои онро надорад, ки инсон то охири умраш талбандагӣ кунад. Гадоӣ ҳаром аст, ҳаром!”

Абдулқодирзода дар идома ибрози таассуф кард, ки ҳоло талбандагӣ барои бархеҳо одат шуда, ҳатто барои рафтан ба зиёрати Хонаи Худо низ онҳо аз идораву корхонаҳои кишвар тамаъ мекунанд: “Мутаассифона, ҳоло инсонҳое пайдо шудаанд, ки дар ба дари идора ё хона мегарданду як гап доранд, мегӯянд, нияти Ҳаҷ кардаам. Бародарони азиз, Худованд вақте сарват надодааст, намегӯяд, Ҳаҷ бирав!”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ сокинони кишварро ба қаноатмандӣ даъват карда, илова намуд, вақте инсон ба ҳар чӣ дораду қанотамндӣ мекунад ва аз ин тақдири илоҳӣ розӣ аст, ин худ маънои онро дорад, ки ба Ҳаҷ рафтааст.
Мӯҳр
дурандеш
ОЕ РИШВА ГИРИФТАН ВА МАНСАБФУРУШИ ХАЛОЛ БОШАД? АГАР ХАРОМ БОШАД,ДАР МАВ,ИЗАХОЯТОН БА ХАМА РАСОНЕД,ЧАНОБИ МУФТИ. Хохиш мекардем дар хамаи масчидхо оиди ин проблема дар як мох як бор амри ма,руф мекарданд,нагз мешуд.

Салмон
Дар асл, касе хамин мусулмона ба Директори ва пешвои муллохои кишвар пешбари кардааст,кори савоб ва хайр анчом додааст. У дар хакикат фалсафаи Ислома нагз дарк мекунад ва дар хама мавизахояш аз руи чорчубаи шариати Ислом харф мезанад. Браво бобои мулло.

Ин Саймукаррам дар Озодагон чиян дорад, ки доимо уро реклама мекунад. Макомашро аз макоми ЧО боло мемонад.

Толибилм
Сайидмукаррам- просто муллои культурный, хоксор ва намунаи ибрат ба дигар толибилмон.

Мулло ачирик
Мухтарам муфти чи гапхое намезанед!О точик зиёда аз 20 сол боз гадою дарбадари хонаи рус аст.Ба ин чи мегуд?Наход аклатон нарасад ба хамин аксиомаи беисбот!

Darvesh
I Mullo gado gufta kiro dar nazar doshta boshad??????? Gadoro sharh dihed!!!! Az dastai mansabdorni tojika imruz ziyoda az 1,5 mln. tojik GADO gashtaast!!!!!!!

безор
То ба ном истиклолият точик босаводу бофарханг ва сохиби иззату эхтиром буд. Зиндагии хубу орому осуда дошт. Холо чи? Дахшат!!! Касе, ки давраи ба ном истиклолиятро хуб мегуяд у одам нест. Точик дигар вахши шудааст. Барои молу сарват шуда аз хама чи гузаштааст.

Хорошо! но когда все имамы мечети г.Душанбе проведут проповедь один и тот же текст которую дадут им из комитета по делам религии разве это правильно ?
Второе разве можно из мин бара Мухаммеда с.а.в сказать мирское дело?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)